Кафедраи  “Математика ва технологияҳои инноватсионӣ”

Кафедраи “Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ” дар заминаи кафедраҳои “Фанҳои умумитаълимӣ” ва “Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ” ташкил шудааст ва ҳамчун кафедраи мустақил аз 25 октябри соли 2004 фаъолият дорад.

Асосгузор ва мудири аввалини кафедра ходими калони илмӣ, номзади илмҳои физикаю математика Ғаффорова А.Ғ. мебошад. Аз  сентябри соли 2016 сарварии кафедраро    н.и.-ф.м., дотсент Шарипов А.Қ. иҷро намуда истодааст.

Шарипов Абдураҳим Қодирович – математик, омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика. Соли 1980 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) бо дипломи “аъло” хатм намудааст.

Аз соли 1997 то соли 2000 Шарипов А.Қ. дар вазифаи муаллими калони кафедраи “Фанҳои умумитаълимӣ”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2000 то 2016 дар вазифаи дотсенти кафедраҳои “Иқтисодиёт ва соҳибкоркорӣ” ва “Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ” иҷрои вазифа намудааст. Аз моҳи августи соли 2016 то имрӯз роҳбарии кафедраи “Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ” ба ӯҳда дорад.

Соли 1990 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Тадқиқи ададии баъзе масъалаҳои ғайристатсионарии просессҳои газодинамикӣ бо назардошти шуоъафканӣ” дар Шӯрои махсуси Маркази ҳисоббарори АИ ФР  таҳти роҳбарии профессор П.И.Чушкин дифоъ намудааст.

Муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимию методӣ мебошад.

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз соли 2010.

Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон (соли 2009).

Кафедраи Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои 40010202 – технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) ва 25011209 – информатикаи иқтисодӣ тайёр менамояд.

Устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзӯи умумии «Тадқиқи проблемаҳои татбиқи сохторҳои иттилоотӣ дар иқтисод ва савдо, сохтан ва истифодаи системаҳои автоматикунонидашуда, проблемаҳои консептуалии табиатшиносӣ, математикаи олӣ ва методикаи таълими онҳо» мебошад, ки дар заминаи он устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотии худро пеш бурда истодаанд.

Мақсади асосии иҷроиши корҳои илмию тадқиқотӣ дар кафедра ин ҷалби устодон, хусусан устодони ҷавон, ба фаъолияти мустақилонаи илмӣ ва дар ин замина, навиштани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва татбиқи натиҷаҳои ба даст омада дар соҳаи иқтисодиёт ва таълиму тарбияи донишҷўён мебошад.

Ҷалби донишҷўён ба ин кор бо мақсади дар савияи баланди илмӣ иҷро намудани корҳои курсӣ ва дипломӣ,  иштирок дар конференсияҳо ва озмунҳои илмӣ, баланд бардоштани маданияти тафаккур ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии онон ба амал оварда мешавад.

Дар назди кафедра семинарҳои илимю назариявӣ ва таълимю методии устодон фаъолият менамояд, дар онҳо моҳе камаш як маротиба маърӯзаи устодони кафедра дида баромада мешавад. Инчунин бо мақсади ба корҳои илмию тадқиқотӣ бештар ҷалб намудани донишҷӯён дар назди кафедра маҳфили “Барномасози ҷавон” фаъолият мекунад, ки дар он моҳе 2-3 маротиба маърӯзаҳои донишҷӯён муҳокима карда мешаванд.

Кафедра бо марказҳои илмию тадқиқотӣ ва донишгоҳҳою донишкадаҳои ҷумҳуриявӣ ва бурунмарзӣ, аз он ҷумла, Институти илмию тадқиқотии физикию техникии ба номи А.Ф.Иоффеи АИ ФР (ш.Санкт Петербург), Маркази ҳисоббарори ба номи А.А.Дороднитсини АИ ФР (ш.Москва), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ робитаҳои илмӣ дорад.