Факултаи “Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ”

 Декани факултет – Ёқубова Нигина Ёқубовна

Аз моҳи феврали соли 2018 декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ёқубова Нигина Ёқубовна мебошад.

Факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҳайати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2010 таъсис дода шудааст.

Фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар факулта дар асоси cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори таркибии факултет чор кафедра амал мекунанд, ки аз онҳо ду кафедра умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, ду кафедраи дигар тахассусӣ ба ҳисоб мераванд.

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо роҳбарии н.и.и., Мирпочоев Д.А. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои  муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, кредитӣ ва молиявӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо равона кардааст.

Кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ бо роҳбарии н.и.и., дотсент Комарова.Г.Б. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои  иқтисодиёт ва идоракунии корхона равона кардааст.

Кафедраи математика ва технологияҳои инноватсионӣ  бо роҳбарии н.и.ф.м, дотсент Шарипов А.К. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои   технологияи иттилоотӣ ва иттилоотии иқтисодиро равона кардааст.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ бо роҳбарии н.и.п., Фузайлов Р. К. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон  барои баланд бардоштани сатҳи дониши забонҳои хориҷии онҳо.

Фаъолияти раёсати факулта дар самти тарбия бо мувофиқа бо шўъбаи тарбия ва рушди ҷавонони Донишкада ба роҳ монда шудааст. Фаъолият дар самти тарбия дар факултаи иқтисодиёт ва технологияи инноватсионӣ ба зиммаи ҷонишини декан оид ба тарбия, муаллими калон Раҳимов Эркин Эҳсонҷонович вогузор карда шудааст. Вазифаи шўъбаи тарбияи фауклта иборат аз назорат аз болои давомоти донишҷўён ба дарс, тарзи либос пўшӣ ва сиккаву сурат, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятии вилоятӣ , шаҳрӣ ва донишкадавӣ, иштирок ва гузаронидани вохўриҳо бо кормандони соҳаҳои мухталиф, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо мебошад. Ҳаммаи чорабиниҳои дар боло зикр шуда аз рўи нақшаи корҳои тарбиявии факулта, ки ҳар сол дар моҳи август пеш аз оғози соли хониш дар шўрои олимони факулта тасдиқ карда мешавад гузаронида мешаванд. Нақшаи чорабиниҳо дар самти тарбия дар асоси қарору фармонҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбия ва рушди ҷавонон ҳамчун: Консепсияи Миллии Тарбия, ки сеюми марти соли 2006 қабул шудааст.

Барои аз тарафи донишҷўён риоя кардани низомномаи Мактаби Олӣ роҳнамои донишҷўён тартиб ва чоп карда шудааст, ки таввасути он онҳо бо талаботҳои Мактаби Олӣ шинос шуда онҳоро риоя менамоянд. Барои баланд бардоштани давомоти донишҷўён ба дарс ва баланд бардоштани сифати донишомўзии донишҷўён аз тарафи раёсати факулта ва сарпарастон пай дар пай бо волидайни донишҷўён вохўриҳо гузаронида бо онҳо дар алоқаи зич буда оиди пешрафт ва камбудиҳои донишҷўён хабар медиҳанд.