Маълумот дар бораи бахши тарбияи ДИС ДДТТ

Корҳои тарбиявӣ қисми таркибии ҷараёни таълим ба шумор рафта, барои тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба дар Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикитон ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба шӯъбаи тарбия ва фарҳанг сохторҳои зерин шомиланд:

  • Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат;
  • Шўрои занон ва духтарон;
  • Шўрои сарпарастон
  • Сектори варзиш;
  • Созмони ҷавонон;
  • Иттифоқи касаба;
  • Хобгоҳи донишҷўён;
  • Нуқтаи тиббӣ дар донишкада;
  • Комиссияи татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ»
  •  Китобхона

Аз соли 2000-ум то 2008-ум вазифаи муовини  ноибректор оид ба корҳои тарбиявиро дар Коллеҷи тиҷоратӣ ва Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Комарова Галина Борисовна ба зимма доштанд. Соли 2010  дар заминаи Комплекси ягонаи таълимии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ва Донишкадаи андози Тоҷикистон Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз соли 2008-ум то соли 2012-ум ин вазифа ба ӯҳдаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғаниева Назира Раҳимбердиевна гузошта шуд. Аз соли 2012  дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна фаъолият бурда истодааст.
Асоси ҳуқуқии корҳои тарбиявиро дар донишкада Паём, баромад ва суханрониҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 марти соли 2006), Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба вазъи амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» (аз 20 июни соли 2012, №42/1-1), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 15 июли соли 2004), «Дар бораи маориф» (аз 17 майи соли 2004 ва  бо тағйироту иловаҳо соли 2013), «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (аз 5 марти соли 2007), фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинию  хештаншиносӣ (аз 14 апрели соли 2006, №322),  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 14 декабри соли 2010), дастуру супоришҳои бевосита вобаста ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ ТАРБИЯ, ФАРҲАНГ ВА РУШДИ ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН
1. Омўзиши баромадҳо ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Омўзонидани рамзҳои давлатӣ, муқаддасот, қарору қонунҳои давлатӣ ба донишҷўён
3. Ташкили соатҳои тарбиявӣ оид ба камолоти сиёсиву худшиносии миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ
4. Тарбияи ҳуқуқии донишҷўён, ташкили чорабиниҳо алайҳи мубориза бар муқобили ғояҳои иртиҷоии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон
5. Тарбияи ҳаёти солим, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни устодон ва донишҷўёни донишкада
6. Тарбияи завқи бадеии донишҷўён тавассути ташкили дастаҳои ҳунарӣ, маҳфили ҳозирҷавобон, шаби эҷодӣ
7. Тарбияи маънавӣ, забондонӣ, рушди фарҳанги ҷавонон, ташаккули тафаккури зебоипарастӣ, омўзиши осори ниёгон
8. Ташкили сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихии кишвар ва осорхонаҳо
9. Гузаронидани вохўрӣ, мизи мудаввар, шаби эҷодӣ бо адибон ва шахсони барўманди кишвар
10. Дар синфхонаҳо ташкил намудани гўшаҳои гурўҳ, рамзҳои давлатӣ, лавҳаи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиору овезаҳо оид ба гуфтори бузургон
11. Пурзўр намудани кори Шўрои сарпарастон
12. Муайян намудани сарпарасти беҳтарин ва гурўҳи беҳтарин дар ҷамъбасти пешрафту давомоти донишҷўён
13. Назорати раванди тарбия дар хобгоҳ
14. Сарпарастӣ, алоқа бо волидайн ва кўмак намудан ба донишҷўёни ятим, маъюб, бепарастормонда
15.Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шўрои занону духтарон, собиқадорони меҳнат, Созмони ҷавонон, кумитаи падару модарон, иттифоқи касаба
16.Ташкили иштироки фаъолонаи устодону донишҷўён дар корҳои ҷамъиятии донишкада, чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ
Роҳҳои асосии гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо донишҷўён ба Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шуда, аз рўи унсурҳои зерин ба роҳ монда шудаанд:

  • тарбияи  ғоявӣ;
  • тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ;
  • тарбияи миллӣ;
  • тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ;
  • тарбияи ватанпарастӣ;
  • тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ;
  • тарбияи иқтисодӣ;
  • тарбияи ҳуқуқӣ;
  • тарбияи маърифат;
  • тарбияи масъулиятшиносӣ;
  • тарбияи ҷисмонӣ;
  • тарбияи экологӣ;
  • тарбияи ҳаёти солим;
  • тарбияи гуманистӣ;
  • тарбияи зебоипарастӣ;
  • тарбияи сиёсӣ;
  • тарбияи тафаккури интиқодӣ;
  • тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ.

         Баҳри дар амал татбиқ намудани унсурҳои тарбия дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ нақшаи корҳои тарбиявӣ ва номгўи мавзуъҳои машғулияти тарбиявӣ барои соли хониш таҳия ва тасдиқ мегардад. Ҳамчунин, нақшаи корҳои тарбиявӣ дар факултаҳои иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, хобгоҳи донишкада, Кумитаи  иттифоқи касаба, Шўрои занон ва духтарони факултаҳо, Созмони ҷавонон, сектори варзиш, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, китобхона омода ва тасдиқ карда шуда, аз рўи онҳо корбарӣ шуда истодааст. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба масоили тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи баланди ватандўстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Шӯъбаи тарбия ва фарҳанг як сохтори таркибии донишкада буда, дар асоси Оинномаи донишкада ва Низомнома амал менамояд. Шӯъбаи  тарбия ва фарҳанг аз 6 воҳиди корӣ: ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири шӯъбаи тарбия ва фарҳанг, роҳбари бадеӣ ва мудири клуб, мутахассис оид ба корҳои маданӣ-равшаннамоӣ, мутахассис оид ба тарбия ва танзимгар-котиба  иборат аст. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шӯъба чораҳои зарурӣ андешида шуда,  дар дарсҳои тарбиявӣ иҷроиши он назорат карда мешавад. Кормандони  шӯъба  мутобиқи нақшаи тасдиқгардида баҳри беҳтар намудани одобу ахлоқи донишҷўён, интизоми намунавӣ, одоби муоширати касбӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ, риояи қоидаву талаботҳои дохилидонишкадавӣ чораҳои мушаххас андешида,  чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ ташкил мекунанд. Донишҷўёни ДИС ДДТТ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Шӯъбаи тарбия ва фарҳанг қисми мустақилонаи таркибӣ дар ҳайати донишкада ба ҳисоб меравад. Вазифаи мудири шӯъбаи тарбия ва фарҳангро мутахассиси соҳаи фарҳанг Ахмедов Аъзамҷон ба ӯҳда дорад. Соли 2015 бо ҷалби донишҷўёни лаёқатманд дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ» таъсис дода шуд. Дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ», ки ба он 15 нафар донишҷўёни лаёқатманд аъзо мебошанд,  бахшида ба санаҳои таърихӣ, ба монанди  Соли оила, фарҳанг ва гулҳо, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ консерт баргузор намуд. Дар донишкада дастаи ҳозирҷавобони «Транзит» фаъолият мебарад, ки соҳиби ҷойи аввал ва ифтихорномаҳо дар байни мактабҳои олии вилоят гардидааст. Аёдати Хонаи пиронсолону маъюбон, Хонаи кўдакон, расонидани кўмаки моддӣ ба онҳо аз ҷониби сарпарастону донишҷўён ҳамасола ба роҳ монда шудааст. Бахшида ба санаҳои таърихӣ, ба монанди Рўзи Артиши миллӣ, Иди модар, Наврўзи байналмилалӣ,  Рўзи Ғалаба, моҳи ҷавонон, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Иди Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Сарқонуни (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Парчами давлатӣ дар донишкада вохўрӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои адабӣ, конфронсҳо, семинару барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.