МАҲВКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

 Яке аз сиёсати ҳадафманди ҳизби наҳзати ислом, ки дар ҶТ соли 1991 таъсис ёфта буд, маҳз мазҳабгароӣ буд. Таблиғгарони ин ҳизб, ки аз мактаби бузурги сиёсатмадорони Эрон огоҳ буданд, мехостанд мамлакати моро дучори низоъ ва сулҳи моро халалдор кунанд. Ин парда аз рӯи чеҳраҳои асосии ин ҳизб бардошта шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба онҳо паноҳгоҳ дод ва ба конфронси исломӣ онҳоро расман даъват карданд. Дар ҳоле, ки ҶТ ва як қатор ташкилотҳои бонуфӯзи дунё ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстримистӣ эълон карда буданд.

Ғайричашмдошт сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар мамолики Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.

Гузаштаи талхи начандон дури ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори ҳизбиён ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Пешгирии раванду ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва нанговар кори дастҷамъонаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда ва бо ҳамин васила қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватани азизамон иҷро кунем.

Нафрати беасос ва ғаразпешаи аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат ба ҷомеа ва мамлакати мо доштанд, шикаст хӯрд. Боиси қайд аст, ки ватанфурӯш нафрат ҳам надорад, чунки ӯ худ нафратзада аст.

Дар ҳоле, ки 13 давлати аъзои  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилали доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолияти ҲНИ-ро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд ва суханрониҳои наҳзатиҳо дар САҲА сабабгори ҳалокату бадбахтиҳо дар сайёра мегардад.

Боиси хушнудист, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин падидаи номатлуби ҷомеаро хуб дарк намуда,  аз ватани азизамон фирор кардани эшонро ҷонибдори намуда, пазироиашон намекунанд.

Шахсиятҳои ғаразпешаи ҲНИ як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда ҳамчун ватанфурӯш ва барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар нақш хоҳанд баст. Ин ашхосон мисли мори заҳрдор дар Тоҷикистон ғарқи ҳадафҳои нопоки худ хоҳанд гашт.

Содиқова Г.И.

дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *