Мақсади  сомонаи Бомдод.ком ин  гумроҳ намудани мардум аст!

Назару таҳлилу хабарҳои тайи як моҳи фаъолияти “Бомдод.ком” нашршуда нишон медиҳанд, ки он ҳамон сомонаи “Ахборком” аст, фақат номҳояшон фарқ доранду халос. Хабару гузоришҳои “Бомдод.ком” саросарӣ нақзу ифротиянд ва пурра бо ҳамоҳангӣ бо роҳбари раиси ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ эҷод мегарданд. Зеро, масъул ва баргардонандаи ин пойгоҳи ифротӣ  Мирзо Салимпур дастпарвари мактаби наҳзат ва худи ин чокари ҳиладон то ҳол дар хизмати наҳзат аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз ва дасисакору пархошгар, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду хешро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дӯстдори ватан ва кишвари худ вонамуд мекунанд ва нияти халал расонидан ба сулҳу суботи ватанро доранд.

Яке аз чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» М. Салимпур мебошад. Вазъияти имрӯза аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад. Мирзо Салимпур, чӣ дар “Ахбор.ком” ва чӣ дар “Бомдод.ком” гузоришҳои дурӯғини сомонаҳои наҳзатиҳоро асос карда, дар ин росто фазлфурӯшиҳои зиёде менамояд. Одатан, Салимпур ҳар террористи наҳзатиро, ки дар мафкураи ифротии ӯ фақат адоват, хунхорӣ ва амалҳои терорристӣ ҷойгоҳ дораду халос, худро як шахси милливу озодандеш нишон медиҳад. Ҳадафу барномаҳои наҳзатро таблиғу ташвиқ менамояд. Чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ТТЭ ҲНИ як созмони куллан беолоишу маъсуме аст, ки ғамхори миллат буду ҳаст. Салимпур дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” низ фаъол аст.     Дар ин олами маълумотҳои сершумор на ҳар шахси соҳибмаълумот метавонад роҳи дурустро дарёбаду хабарҳои пучу фиребу иғвоангезро фарқ карда бошад. Хусусан, имрӯзҳо давраест, ки ҳар беҳунару  худро “доно” метарошаду “рӯзноманигор” ё худ “журналист” меҳисобад.    Дар айни замон кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи ҳукумати Ҷ.Т созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аммо, мутаасифона, баъзе аз шахсоне,ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд  ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд.  Аз шумори чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи нави интернетии «Бомдод.ком» Муҳиддин Кабири мебошад. Ҳоло Мирзо Салимпур дар сомонаи худ афкори сомонаи пешинаи худро нашр ва таблиғ намуда истодааст. Ба милси ин инсонҳое дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст.

                                                                                                            Дилафрӯз Ҳомидова,

                                                                               муҳаррири шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *