
Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ), аз қабили салафияву ваҳҳобия, наҳзату навнаҳзат ва ғайраҳо ҳамчун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ истифода бурда мешаванд. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ, аз ҷумла рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ имрӯз Интернет ягона минбари дастрас мебошад, барои амалӣ намудани аҳдофи худ аз ин ҳолати қулай истифода бурда, дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ маскан гириф т а ба таври густурда онро истифода мекунанд. Гурӯҳҳои иф ротгар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои худро ташкил намуда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд Ба гузаштаи на чандон дури назар андӯзем, дарҳол сурату сирати аслии ин афроди ифротии иғвоангез маълумамон мешавад. Аз табори чунин ифротии иғвоангез Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат мебошад ва думраваш Муҳаммад Тағоеви навнаҳзат, мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ,

амиқтараш дар канали YouTube -и “Isloh. tv” (Ислоҳ.нет.) камин гирифта, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Мақсади пайравони наҳзату навнаҳзатии ифротӣ аён аст, ин ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Мехоҳанд нооромиро дубора барқарор созанд. Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Ин гуруҳаки ифротӣ ба хотири маблағҳои хоҷагони худ онҳо виҷдонро ба тини сиёҳ фурӯхтаанд. Нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд.
Ҳадафи масъалаи матраҳгардида аз он иборат аст, ки моро лозим аст, сирати зишту нопоки пайравони наҳзату навнаҳзатии ифротиро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем. Нагузорем, ки пайрави фаъоли наҳзат- М.Садриддин ва М.Тағоеви навнаҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Дар фарҷоми андешаи хеш, ин гуруҳаки ифротӣ, умуман роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони наҳзати фитнаангезро хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнат қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рўз аз рўз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Р.Анварӣ,
устоди ДИС ДДТТ
