Маҷмааи варзишӣ – омили муҳими беҳдошти саломатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмонию маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт”.

Боиси ифтихору саодати мо – ҷавонон аст, ки иншооти варзишӣ ва дигар муассисаҳои марбут ба фаъолияти ҷавонон ҷойгоҳи хосса доранд ва бешубҳа, ба рангоранг гардидани ҳаёти ҷавонон, обутоби ҷисмонӣ ва рушди маънавии онҳо чун омили муҳими беҳдошти саломатӣ мусоидат мекунанд.

Миллате, ки ба соҳаи варзиш аҳамият медиҳад, миллати солим аст. Хушбахтона, мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки Сарвари он соҳаи варзишро соҳаи муҳими ҷамъият медонаду ба он таваҷҷуҳ ва эътибори хоса равона менамояд. Ҳамин аст, тайи солҳои охир бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналхалқӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардида истодаанд.

Дар арафаи ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор гирифтани ду иншооти муҳимми варзишӣ – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе туҳфаи хубест барои ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон. Ин армуғони арзанда мо – ҷавонони саодатманди вилояти Суғдро басо шоду сарфароз гардонид. Бори дигар эҳсос кардем, ки Сарвари давлатамон дарвоқеъ, ғамхори ҷавонон ва таҳкимбахши соҳаи варзиш мебошанд. Ин таваҷҷуҳу ғамхории рӯзафзун моро вазифадор мекунад, ки барои рушди соҳаи варзиш сидқидилона саъй варзем, барои то ба сатҳи байналмилалӣ бардоштани шуҳрати варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муассирро амалӣ намоем. Зеро дастовардҳои варзишгарон муаррифгари миллати соҳибтамаддун, бофарҳанг ва соҳибистиқлоли тоҷик мебошанд. Бо медалҳои тиллову нуқра ва биринҷӣ баргаштани варзишгарон ба Ватан аз як тараф хурсандии ҳамаи тоҷикистониён бошад, дар майдонҳои варзишии калони дунё барафроштани парчами Тоҷикистон фахри ҳар як тоҷик аст.

Умед аз он дорем, ки ин ғамхориҳо заҳмату талош ва муваффақиятҳои варзишгаронро боз ҳам афзунтар мегардонад. Ҷавонони вилоят дар партави ҳидоятҳои созандаи Сарвари маҳбуби кишвар шарафу номуси ватандорӣ, ормонҳои халқамонро шиори ҳамешагии зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар сидқидилона саъю талош меварзанд. Ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар илму дониш ва касбу ҳунар омӯхта, фардои Ватан ва ояндаи миллатро боз ҳам ободу осуда ва дурахшон мегардонем.

Мирзоқосим КАРИМЗОДА,

сардори Раёсати кор бо ҷавонон

ва варзиши вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *