Маҷидов Абдунасим

Маҷидов Абдунасим 26 августи 1951 дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1959 мактаби №5 ба номи «20 солагии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд барои гирифтани маълумоти миёна дохил шуда соли 1969 бо муваффақтият онро хатм намудааст. Ҳамон сол ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) имтиҳонҳои дохилшавиро супорида ба факулта иқтисодиёт ихтисоси «Ба нақшагирии саноат» қабул шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳ соли 1974 дар кафедраи «Иқтисодиёти меҳнат» ҳамчун омӯзгор дар муассисаи таълимии номбаршуда то соли 1976 фаъолияти меҳнатии худро идома додааст. Аз моҳи сентябри 1976 ҳамчун унвонҷуй-муҳаққиқ ба Шӯрои ҷой ба ҷой гузории қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистони Академияи Улум гузаронида шуда ба Академияи Улуми СССР сафарбар карда шудааст. Аз декабри 1977 то 1980 ба аспирантураи Шӯрои ҷо ба ҷо гузории қувваҳои истеҳсолкунандаи назди ГОСПЛАН-и СССР кори илмии худро давом дода аз моҳи ноябри соли 1980 дар мавзӯи «Тадқиқоти истифодабарии захираҳои меҳнатӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Аз соли 1980 дар Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайси ходими хурди илми ба кор қабул шудааст. Аз соли 1981 то соли 1990 дар Маркази ҳисобарории кишоварзии валоияти Суғд дар вазифаи мудири шӯъба, сармуҳандис ва ҷонишини якӯми директор ин марказ фаъолият намудааст. Аз соли 1990 то 2010 дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба ҳайси номзади илми иқтисодӣ сармуаллим, дотсенти кафедраи «Иқтисоди сиёсӣ» мудири кафедраи фанҳои умумииқтисодии факултаи иқтисодии навтаъсис, 17 сол декани факултаҳои «Менеҷмент ва иқтисодиёт», «Молия ва иқтисодиёти бозор» се соли охир мудири кафедраи «Назарияи иқтисод» фаъолияти меҳнатиро давом додаст.
Аз соли 2010 ба таври гузариш ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳайси декани факултаи «Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ» то соли 2015 таъин шудааст. Аз соли 2015 то ҳозир ҳамчун дотсенти кафедраи «Назарияи иқтисод» фаъолияти меҳнатиашро давом дода истодаааст. Соли 1993 барои баланд бардоштани малака ва савияи дониш ба Штати Небраска, шаҳри Линьколн сафари хизмати дошт. Солҳои 2003-2005 барои ҷорӣ намудани низоми таҳсилот кредити дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳирии Тоҷикистон ба мамалакатҳои Қазоқистон – шаҳри Алмаато, Қирғизистон –шаҳри Бешкек ва Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ба таври лоиҳави сафари хизмати равон карда шуда буд.
Зиёда аз 50 мақола, 3 монография ва дастурҳои методи коркард шуда ба чоп баромадааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии фанҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *