
Тибқи нақшаи махфили донишҷуёни кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит таҳти унвони “Муҳосибони муосир” санаи 23.10.2024 махфили навбатӣ бо иштироки донишҷўёни ихтисосҳои 250108-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва 250111- аудит ва ревизия ташкил ва гузаронида шуд.
Роҳбари махфили кафедра муаллими калон Турсунова М. дар баромади ифтитоҳии худ оиди мақсад ва гузаронидани махфил сухан ронда, баромади аввалро ба донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 250108р Турсунова Моҳҷабин бо маърўза дар мавзўи “Инвентаризация – как метод контроля имущества предприятий” доданд.
Инчунин донишчўи курси 4-уми ихтисоси 250108т Убайдов Ғ. дар мавзўи “Истифодабарии СЕРВЕР-и таҳияи ҳисоботи молиявӣ дар корхонаву ташкилотҳо” баромад намуд. Аз тарафи шунавандагон бисёр саволҳои ҷолиб дода шуда, ба он ҷавобҳои мухтасар гирифта шуданд. Маҳфилро мудири кафедра дотсент Зокирхонзода М.З. ҷамъбаст намуда, иброз дошт, мунтазам барои баланд бардоштани сифати низоми таълим ва тайёр намудани муҳосибони баландихтисос гузаронидани чунин махфилҳо хеле муфид аст. Аз ин лиҳоз барои тайёр намудани мутаххасисони баландихтисоси муҳосибӣ ва кадрҳои илмӣ бо мақсади тақвияти иқтидори илмию зеҳнӣ бо усули анъанавию низоми нави бисёри зинагии таълим таваҷҷўҳи махсусе зоҳир гардонида шудааст.