Маҳфили доимоамалкунандаи донишҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷӣ “Тарҷумони ҷавон”

Мувофиқи нақшаи маҳфили доимоамалкунандаи донишҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷӣ санаи 28 октябр дар маркази забономӯзии назди ДИС ДДТТ маҳфили “Тарҷумони ҷавон” шуда гузашт. Намоянда аз шӯъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф.А., намоянда аз шӯъбаи таълим Қаюмов А., намоянда аз шӯбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълим Раҳимов Э.Э. ва мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Исмаилова М.О., инчунин якчанд устодон Мақсудова С., Давлятова Ч., Раҷабова Н. ва иштирокчиёни маҳфил – донишҷӯён иштирок намуданд.

Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Исмаилова М.О. баромад намуда ҳамагонро бо рӯзномаи маҳфил шинос карданд. Дар кори маҳфил маърӯзаи илмӣ аз ҷониби донишҷӯи курси III, гурӯҳи 25.01.04.07 “Молия ва қарз” Охунов Фирӯз дар бобати ҳаёт ва фаъолияти нависандаи машҳури англисзабон Ҷефри Чосер ва асари машҳури ӯ “Кентебри Тейлз” маълумот дод.

Боз аз тарафи донишҷӯи курси III, гурӯҳи 25.01.04.07 “Молия ва қарз” дар бобати ҳаёт ва фаъолияти нависандаи англисзабон Бернард Шоу ва асари машҳури ӯ “Пигмалион” шунида шуд. Дар атрофи мавзӯъҳо баҳсу мунозираҳо пайвастанд. Дар ҷараёни рафти маҳфил фаъолнокии донишҷӯён ба назар расид. Ҳамин тариқ маҳфил бо муваффақият ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *