М.САДРИДДИН ВА ДУМРАВОНАШ БА ҒАЙР АЗ ИҒВО ВА ФИТНААНДОХТАН КОРӢ ДИГАР НАДОРАНД!

Тайи чанд моҳҳои соли охир яке аз узви паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ва думравонаш бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии соттори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Масалан, санаҳои 8, 11, 15, 19, 22, 26 ва 28 ноябри соли равон соли равон, М.Садриддин ва думравашонаш зимни баромадҳои навбатиашон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” боз чун солҳои қаблӣ, бо истифода аз дини мубини Ислом, барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ андохта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Бояд қайд кард, ки баромадҳои қаблию навбатиашон, умуман сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки М.Садриддин ва думравонаш ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман, хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Хулоса, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм мубориза мебарем.
Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро сарбаландона иҷро намояд.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *