М. САДРИДДИН – СУХАНБОЗИ ДУРӮЯИ БЕШАРАФ!

Ба ҳамагон аён аст, ки имрӯзҳо, бахусус раҳбарияту ҳаммалакони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, худро ҳамчун “адолатпарвару сиёсатшинос” вонамуд карда, ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодаанд. Дар иртибот ба, бояд қайд кард, ки  яке аз ҳаммаслаки фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бо маслиҳати М. Кабирӣ барои иҷрои супориши хоҷагонаш тариқи сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла “Ислоҳ нет” дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” мунтазам баромадҳо баргузор менамояд. Мо барномаи мазкурро ифротӣ гуфтем, ки он бисёр нисбати масъалаҳои руз зиёдаравӣ намуда, тухми кинву адоват мекорад. Мебоист,ки дар барнома масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон ҳаллу фасл гарданд, вале бараъкс!

Мо қаблан бо санаду далел қайд намуда будем ва боз қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке  аз ашхоси дурӯя мебошад, ки бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро фурухта, ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, мегӯяд. Баромади навбатии М.Садридин дар ҳафтаи сеюми моҳи майи соли ҷорӣ, асосан дар атрофи масоили сураъти пасти интернет, таъмини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо компютер, коршояму корношоями он сухан намуд. Иловатантакрор ба такрор ба Муҳаммадиқбол боз гуфтанием, ки вақте аз минбари барномаи ифротиаш баромад менамояд, вобаста ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” амалҳои хиёнаткоронаи пайрравони ТТЭ ҲНИ  тасдиқи худро ёфтааст, ёдовар шуда, андешаи худро иброз  намояд! Бо боварии комил метавон қайдкард,ки наметавонад! Зеро андешаи солим надорад! Хулоса, ҳар фарди солимақл аз суханрониҳои бемантиқи Муҳаммадиқболи Садриддин бо осонӣ пай мебарад, ки ӯ дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаст ва аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллату кишварамон дасисабозиву ғайбат мекунанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози дурӯяи бешараф барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода,  барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *