М. САДРИДДИН – ХИЁНАТПЕШАИ БЕШАРАФ

          Тибқи шакабаи иҷтимоӣ мо баромади яке ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ, хиёнатпешаи бешараф Муҳаммадииқболи Садриддинро  дида ба худ хулоса бароварда, андешаҳамонро иброз дошта будем. Ин навбат нисбат ба  М.Садриддин, ки санаи 17 майи соли 2023 тавассути барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда буд, сараввал онро  шадидан маҳкум  менамоем. Дар иртибот ба ин қайд менамоем ки М.Садриддин зимни баромади ифротии навбатиаш aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, боз бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч  нисбат ба роҳбарияти олии кишвар, вазорати маориф ва илм  ва хадамоти алоқаи кишвар иттилооти бардурӯғ ва умуман суханони бемаънию берабт баён дошт. Ҳар як бинандаю шунаванда аз баромадҳои қаблӣ ва навбатии М. Садриддин бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки М.Садриддин боз худро“уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуда, оид масъалаҳои харидории ҳавопаймо ва нисбат ба роҳбарияти Хадамоти алоқаи кишвар  аз суръати  пасти интернет тӯҳмати беасос намуда, баробари ин, ба оилаи бархе кормандони воломақоми кишвар дахолат намуда,суханҳои қабеҳ гуфт. Хуллас, ин қабил афрод, воқеан ҳамон хиёнаткори бешараф буд ва ҳаст, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд!

           Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки бояд имрӯз ҳар фарди мардумони  кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромади навбатии М.Садриддини хиёнаткору бадрафтори бешарафро маҳкум намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем.

                                       Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *