Мо солҳои қаблӣ ва имруз низ зимни мақолаҳои хеш доир ба фаъолияти зиддидавлатии раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли…” бо санаду далел ва мисолҳои зиёд навишта, шадидан маҳкум кардааем. Ин навбат низ вобаста ба баромади навбатии бешараф – Муҳаммадиқболи Садридини андеша намуда, таъкидан қайд менамоем, ин бадманиши роҳгумзада, яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза мисли ҳаммаслаку раҳбарият ва думраваш дар таҳлука афтодааст. Боз такроран гуфтанием, ки ин бадманиши роҳгумзадагон барои иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан доранд. Масалан санаи 21 декабри соли 2023 М.Садриддин дар барномаи ифротии «Минбари муҳоҷир» таҳти унвони “Баргашт ба ватан!” баромад намуда, боз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварамонро нодуруст арзёбӣ намуда, баробари ин, дар бораи масоили дониши касбии рузноманигорон ва муллоён андешаи носолимашро баён сохт. Дар рафти барномаи ифроти раҳбараш Мухидин Кабирӣ, ҳаммаслакаш Шарофиддин Гадоев як қатор думравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода ва афроде бо номи Мамадамин, дигаре Сабурӣ баромади ифротӣ намуда, суханҳои Муҳаммадиқболро ҷонибдорӣ намуданд. Он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест! Аксарияти суханҳои бемаъниии М.Садриддин, чун чуғзи бадафт худ боварӣ надораду аз талқини бадгӯиҳояш худдорӣ намекунад. Ҳангоми эроду зиддиятҳои шахсони солимандеш дар гуфтугӯи мустақим тез асабонӣ мешаваду бидуни одобу фарҳанги муошират ба дашному ҳақоратҳои қабеҳ мепардозад. Ӯ бо ин хислатҳои девонагӣ мехоҳад ба нафсонияти ҳамсӯҳбаташ расад ва ӯро низ дашном кунад. Худи ин сифати хислатҳои номбурда ва умуман, наҳзатиён нафарони нокасу касиф, палиду разил, фитнабозу иғвоангез, маккору берӯй мебошанд. Хулоса, М.Садридини бадманиши роҳгумзада ва роҳбару думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои навбатии иғвоангезонаашро бори дигар маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ