М. Кабирӣ ва И. Ёкубов гумроҳ ва хиёнаткор дар Аврупо

Муҳиддин Кабири ва Илҳом Ёқубов хоинони миллат, террорист, барангезандагони кинаву адолат, ватангадо мисли саги куча дар ба даранд. М.Кабирӣ ҳамон нафарест,ки баъди бахшидани гуноҳҳои нобахшандаи ҳаммаслаконаш бо қабули Созишномаи истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиаш аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст задаасту худро фидоии хоҷагонаш эътироф мекунад.Чи тавре, ки бо ВАО маълум гардид, ин гуруҳҳо имрӯз низ нақшаҳои боғаразонаи зиёд доранд ва собиқ аъзоёни ҲНИ Қиёмиддин Ғозӣ, Сатторов Аёмиддин зимни баромади худ дар филмҳои мустанад ин амали онҳоро баралло ошкор карданд. Маълум гардид,ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҷавонони роҳгумзадаро дар хоки Афгонистону Эрон барои ба роҳи зуроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва табаддулот дар Тоҷикистон, озод намудани ҳаммаслаконаш аз маҳбас омода карда истодааст. Ин дар ҳолест, ки боз ӯ мехоҳад дар ҷаласаи САҲА худро ҳамчун ҷабрдидаи сиёсӣ дар чашми хоҷагони хориҷии худ нишон дода, дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва ҳифзи он сухан карда, гӯё ӯ дар ин ҷо бегуноҳ бошад.Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нияту амалҳои онҳо кайҳо огоҳанд. Тоҷикистони озоди мо давлати суҳлҷу, адолатпеша эътироф гардидааст. Бинобар ин бо бовариии комил метавон гуфт, ки нақшаву ниятҳои разилонаи хоинони миллат, ки мехоҳанд бо амалҳои нопоки худ обрӯву мавқеи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ кунанд ва ба ин васила диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашанд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.Мардуми бофарҳанги тоҷик ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, дар шароити осоиштаву сулҳу субот дар рушду нумуъи Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд. Хоингарии Кабирӣ ва дигар аъзоёни гуруҳи мутташаккили ҷинояткорон ягон асоси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ надорад. Зеро сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, самараи ранҷу машаққат, қаҳрамониҳои ҳазорон фарзандони ҷоннисори ватан аст ва мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарда, намегузорем душманони миллат боз ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои нав оваранд.

Дилафрӯз Ҳомидова
мутахассиси шуъбаи илми ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *