Либоси миллӣ муаррифгари миллат дар ҷаҳон аст

Дар ҷаҳони пуртазод имрўзҳо баъзе аз шахсони манфур баҳри ба даст овардани ғаразҳои худ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд бо василаи ҷангу ҷидол ва барангехтани кинваву адоват миллатҳои дунёро сарнагун созанд, давлату кишварҳоро ноором созанд. Яке аз роҳҳое, ки ин гурӯҳҳо пешаи худ кардаанд, аз байн бурдани тамаддун ва фарҳанги миллатҳо аст.

Имрӯзҳо баъзе аз ҷавонони  кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷавонони тоҷик ба пўшидани либосҳои ба фарҳанги тоҷик хос набуда, яъне ба бегонапарастӣ машғуланд, ки он боиси таассуф мебошад..

Миллати тоҷик таърихи қадима ва дорои фарҳанги тамаддунофар мебошад.  Бо истифода аз бойгониҳо ва таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон мехоҳем оид ба намудҳои баъзе либосҳои миллӣ маълумот диҳем.

Куртаи чакан. Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Куртаи чакан, асосан, 2 категория дорад ва онро бештар дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи «Попурӣ»-ро низ гирад. Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ бахсус ҷащни Наврўз ба бар мекунанд. Дўхтани чакан аз 3 то 7 рўзро талаб менамояд. Ҳангоми дўхтани он аз риштаҳои ранга истифода мешаванд. Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаи минтақаи ҷанубу шимол пироҳани чакан ва чодару рўймоли чаканро дидан мумкин аст.

Атлас. Яке аз куртаҳои дигари зебои занони тоҷик буда, дар муқоиса бо куртаи чакан муосиртар буда, либосҳои замонавии духтарони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аксари духтарони тоҷик куртаи атласро бо тоқӣ ва камзӯл ба бар менамоняд. Бештари ин намуди либоспӯширо занону духтарон дар тӯйю маракаҳо ва ҷашнҳои миллӣ истифода мебаранад.

Гулдўзӣ. Боз яке аз муассиртарин шаклҳои либоси миллӣ ба ҳисоб меравад. Он, асосан, пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон миёни ҳаводорону мухлисони худ муаррифӣ шуд. Ин курта низ яке аз зеботарин либосҳои духтари тоҷик ба ҳисоб меравад. Гулдўзӣ якчанд рўзро дар бар мегирад. Имрўз ин намуди либос ҳатто дар ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст.

Бо ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар гардида,  аз ҷониби давлат, бахсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт. «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар заминаи он «Барномаи рушди фарҳанги Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, ҷиҳати иҷрои он барномаи махсус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва оммавӣ гардидани фарҳангҳо дар тамоми кишвар силсила тадбирҳо андешида шуданд.

Дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан-хандаи ҳусн» доир мегардад. Мақсад аз баргузории ин чорабини тарѓиби суннату анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолаи ниёгон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстӣ ва шукргузорӣ аз ваҳдату амну суботи кишвар мебошад.

Либоси миллӣ муаррифгари миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар қавм аст. Моро бахсус ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандҳазорсолаи миллати худ кунем, либоси миллии худро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем ва  зебоипарастиву рушди ҳунарҳои мардумиро минбаъд дигарон талқин намоем..

Таҳияи Фарида Расулова,
донишҷӯи соли аввал, ихтисоси
муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *