ЛАЪНАТ БАР ХОИНОНИ НАҲЗАТӢ – ЛАЪНАТ БАР КАБИРӢ!

Баъди тамоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» маро ба фикр андохт, ки то чӣ андоза инсон барои мақсадҳои нопоки худ расидан чунон ваҳшиёна амал мекунад. Чунин одамон дар кишварҳои хориҷӣ бидуни шарму ҳаё даъвоҳои пуч карда, кишвару миллатро дар арсаи байналмилалӣ сиёҳ мекунанд. Хиёнатҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ дар таърихи миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯшнашаванда аст. Албатта, хоинон аз бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат огоҳӣ ёфта, барои ноил шудан ба пулҳои муфт ватанбизнес мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ватанбизнеси онҳо зуд ва ё дер барҳам мехӯрад ва ҳамаи ватанфурӯшон бо сардории М.Кабирӣ тибқи қонунҳои кишварамон ҷазои худро хоҳанд дид. Онҳо даъвои мусалмонӣ доранд, аммо амалҳои онҳо ба ягон чаҳорчӯбаи дину одамигарӣ ҷавобгӯ нест. Террористони хиёнатпеша фикри чи тавр ташкил кардани набасомониҳо ва ҷанг дар дохили кишварро доранд. Онҳо аз куштани инсон ягон ваҳму тарс надоранд ва аз кушторҳои ҳазорҳо одамони осоишта ва бисёр чеҳраҳои варзида ягон пушаймонӣ низ надоранд. Ба қавли суханҳои мардуми «рӯйҳои худро бел барин карда», худро чунон фаришта мегиранд, ки симои мардумфиробиро ба худ касб мекунанд. Чи тавре, ки медонем, дар Қуръони маҷид гуфта шудааст, ки гуноҳи куштани як одам баробар ба қатли тамоми инсоният аст. Лекин, ин террористон як нафару ду нафарро не, балки даҳҳо ҳазор нафар одамонро ба қатл расонида, ба кишвари навҷавонамон зарарҳои калон расонида, қариб буд, ки Тоҷикистони азизамонро ба арсаи нестӣ расонанд. Ба сабаби гуноҳҳои террористон ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, модарону падарон аз сабаби марги ҷигарбандашон доғи фарзандиро чашиданд, инсонҳои зиёд хушбахтии худро гум карда, солҳои дуру дароз бадбахт шуданд, ки хамаи ин меваи амалҳои ТТЭ ҲНИ мебошад. Экстремистонро ба ҷои сиёҳкунии миллату давлат ва ҳукумати кишвар зарур аст, ки имрӯз дар назди Ватану миллат пушаймониву тавба изҳор карда, ба қонунҳои давлатамон ҷавоб гӯянд ва ба гуноҳҳои кардаашон ҷазоҳои сазоворро лоиқ бинанд.

Аз мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон хоҳиш дорам, ки ба суханҳои бардурӯғу эҳсосикунандаи хоинон, аз ҷумла роҳбари ТТ ҲНИ, ки аз тарафи ташкилотҳои бадхоҳи хориҷӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротии эктремистиву террористии ансоруллоҳ, ихвон-ал-муслимин, давлати исломӣ ва дигарон дастгирии молиявию идеологӣ ва тарғиботиву психологӣ дорад, фирефта нашаванд, худ ва миллатро ба хатар нагузоранд, шукрона аз сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ карда, баҳри шукуфоии Ватани азизамон хизматҳои содиқона намоянд.

 

КАМОЛОВ Ф.А.,

                                                                        мудири кафедра забонҳои

                                                                             хориҷии ДИС ДДТТ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *