ЛАФСБОЗИИ М.КАБИРB НИСБАТИ БЕМОРИИ КОРОНОВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Имрӯзҳо бо лафсбозии навбатиаш М.Кабирӣ дар ҳамкорӣ ва ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон хабару овозаҳои беасос нашр намуда истодааст. Бо ибораи дигар имрӯз Кабириҳо аз дур истода ба мо тоҷикон мехоҳанд сабақи “давлату давлатдорӣ”-ро дода, аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо гапҳои беасосу ношоистааш ҳеҷ гоҳ мардумро ба тарафи худаш нигаронида наметавонад ва нахоҳад шуд. Зеро мардуми кишвари аз мақолаҳо ва аксҳои дар рӯзомаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ба нашр расида огаҳ ҳастанд ва медонанд, ки М. Кабири ноинсоф беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро бо 10 га замини атрофашро фурӯхта, имрӯз худро чун мусичаи бегуноҳ нишон дода, оид ба масоили пешгирии бемории сироятӣ короновирус сухан мекунанд. Бинобар ин, имрӯз мо ба ҳаргуна фитнаву овозаҳои М.Кабирӣ бовар накарда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа ҳама муттаҳид шуда, нагузорем, ки нохалафу разилон бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии Ватани азизи моро халалдор намояд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарӣ намуда қайд кардан зарур аст, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан ҷиддан эҳсос намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем. Мо танҳо дар якҷоягӣ, бо Ваҳдати комил аз ин бемории сироятии короновирус халос гардида, ба зиндагии муқаррарии хеш бармегардем. Моро рӯзҳои хуш дар пеш интизор аст!

Кормандони шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварати МДТ ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *