КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

 

Коронавирусҳо аз оилаи тоҷвирусҳо буда, то соли 2020-ум 39 намуди  он маълум аст, ки он дар 2 зероила муттаҳид мешавад. Ин намуди вирус одамон, парандаҳо ва ҳайвонотро бемор мекунад. Бори аввал ин вирус соли 1965 кашф карда шудааст, ки он аз геноми як занҷираи якқатораи КРН-и мусбат иборат аст. Ин бемориро ба хотири он Коронавирус ном гузоштаанд, ки геноми ин вирус (геном маҷмаи маводҳои ирсӣ) бо капсиди сафедаю чарбдори монанди сари сӯзанаки хордор иҳота шудааст, ки бо тоҷ монандӣ дорад. (Капсид – пардаи болопӯши вирус).

Тоҷвирусҳо узвҳои роҳҳои нафас, ҳозима ва асабро бемор мекунанд. Ҳангоми ворид шудани вирус ба роҳҳои нафас аз рафтани оби бинӣ сар мешавад. Дар кӯдакон он, илтиҳоби шуш ва бронхҳоро ба вуҷуд меорад. Штамми коронавируси роҳҳои нафас ОС38, ОС43 ва узвҳои ҳозима 229Е мебошад. Тоҷвируси нави Ухан (шаҳри маъмурияти Ҳубейи мамлакати Чин) аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, чун 2019-nCO ном гузошта шудааст.

Коронавируси нав аввалин бор Тоҷвируси нав ба  «Алоими шадиди респиратории Осиёи наздик» ном монда шудааст, ки сабаби бемориҳои шадид ва фавти одамон дар баъзе аз мамлакатҳои Араб шуда буд. Бештар ба ин беморӣ одамони масунияташон суст, илтиҳоби музмини шуш, бемории қанд ва бемориҳои музмини гурдаҳо гирифтор мешаванд.

Роҳҳои гузаштани ин вирус асосан, ба тариқи ҳавоӣ-қатрагӣ сурат мегирад.

Имрӯз коронавирусе, ки дар мамлакати Чин  ба қайд гирифта шудааст, як мавзӯи асосӣ дар соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ коронавируси нав ба кадом роҳҳо ба одамон сироят меёбанд, то ҳол маълум нест. Мутахассисони чинӣ, роҳҳои гузаштани  вирусро аз одам ба одам тасдиқ кардаанд.

Дар ИМА барои баровардани ваксина бар зидди ин беморӣ шурӯъ намудаанд. Дар Русия,  тестҳои оҷилӣ  барои муайян намудани ин беморӣ  ва ваксинаи зидди ин бемори бароварда шудааст.

Роҳҳои паҳншавӣ, аломатҳои беморӣ ва табобати он

Тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба чӣ тавр сироят ёфтани он ва манбаи табии ин беморӣ то ҳол маълум нашудааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, мамлакатҳои чаҳонро ба он даъват намуд, ки оид ба пешгирӣ ва паҳншавии ин бемории  коронавирус тамоми чораҳоро андешанд. Ин намуди бемории вирусӣ  бештар дар шаҳрҳои Пекин (дар самти шимол), Шанхай (самти шарқ) ва Шенчжен (самти ҷануб) паҳн гардидааст. Аввалин ҳодисаи ин намуди беморӣ моҳи декабр дар қисмати марказии кишвари Чин, шаҳри Ухан ба қайд гирифта шудаст.

Санаи 20 январи соли 2020 олимони чинӣ тибқи комиссияи миллии тандурустӣ тасдиқ намуданд, ки бемории коронавирус аз одам ба одам мегузарад. Табобати беморони бо коронавирус сироятёфтаро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо истифодаи антибиотикҳои таъсирашон баланд, глюкокортикостероидҳо ва доруҳои зиддивирусӣ  тавсия додаанд. Табобати ин беморон дар беморхонаҳои  ё шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ гузаронида мешаванд.

Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи пандемия дар якчанд шаҳрҳои Чин  ва дигар мамлакатҳо мебошад.

Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Эрон, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд.

Роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани коронавирусро ҳатман донист.

 

Коронавирус чӣ гуна вирус аст?

Асосан, аз коронавирус (тоҷдор) саг, муши паррон ва парандаҳо сироят меёбанд.

То ҳол одамон аз шаш намуди коронавирусҳо  сироят ёфтаанд.

Аломатҳои асосии ин беморӣ баландшавии ҳарорати бадан, сулфа ва нафастангӣ мебошад.  Ин аломатҳо дар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва зуком низ мушоҳида мегардад. Инчунин, ҳангоми сироятёбии узвҳои ҳозима, ба монанди зукоми рӯдаҳо аломатҳои дарунравӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ дида мешавад.

Роҳҳои сироятёбӣ ба коронавирус

  1. Иртибот бо шахси бемор;
  2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
  3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
  4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта.

Аломатҳои бемории коронавирус

  1. Сулфаю атсаи зиёд;
  2. Баландшавии ҳарорати бадан;
  3. Нафастангӣ;
  4. Пневмония;
  5. Қайкунӣ;
  6. Дарунравӣ.

Роҳҳои пешгирӣ аз Вируси Корона (Коронавирус)

  1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
  2. Пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромӯш накунед!
  3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
  4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
  5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
  6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!
  7. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.

Дар вилояти Суғд низ, аз  тарафи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ба ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории коронавирусӣ оид ба захира намудани маводҳои худмуҳофизаткунанда ва таъмин намудани маводҳои дезинфексионӣ амрномаҳо ва пешниҳодҳои санитарӣ ирсол карда шудаанд.

Барои муайян намудани ташхиси коронавирус ба тарзи озмоишгоҳӣ намунаҳо, аз бинию гулӯ ҳангоми сироятёбии узвҳои болоии роҳҳои нафас, балғам ҳангоми сироятёбии узвҳои поёнии роҳҳои нафас, зардобаи хун ва ахлот ҳангоми сироятёбии узвҳои ҳозима гирифта мешавад.

 

 

 

Қобилов Нарзулло  н.и.к.,

дотсенти кафедраи молшиносӣ   ва фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *