

Шашуми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст, ки ҳар сол бо тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:
“Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст”.
Ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои чоруми Донишкада, дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ мулоқоти судманд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. У. оғоз бахшида меҳмонон: Исозода Нозим-сардори шуъбаи ёрии ҳуқуқии робита ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 ва Расулзода Нигора-мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқии робита ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюмро муаррифӣ ва хайрамақдам гуфт.
Меҳмонон дар ҳузури устодону донишҷӯён зикр намуданд, ки Конститутсияи мо ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардидааст. Бинобар ин мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид. Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт. Конститутсия ҳамчунин санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад.
Донишҷӯён зимни суханронӣ табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи Конститутсия баён дошта, саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд.



