Конференсияи донишкадавӣ дар мавзӯи “Рақобатпазирии иқтисодиёти  миллӣ: омилҳо, таҷриба, муаммоҳо”

 Дар ДИС ДДТТ конференсияи донишкадавии магистрантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавон дар мавзӯи  «Рақобатпазирии иқтисодиёти  миллӣ: омилҳо, таҷриба, муаммоҳо» баргузор гардид.

Конференсияиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба илм, номзади илми иқтисод, дотсент Далерҷон Мирпочоев ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф оиди аҳамияти гузаронидани конференсия сухан карда, таъкид намуд, ки навгонии конференсияи мазкур дар он аст, ки намояндагон ва маърӯзачиён аз якчанд макотиби олии шаҳри Хуҷанд даъват карда шудаанд ва мақсад аз ташкил намудани ин шакли конференсия  барпо ва мустаҳкам намудани алоқа ва ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, табодули таҷриба ва иттилоот тавассути баррасии баромадҳои маърӯзачиён мебошад.

Сипас сухан ба муовини директор оид ба таълим, номзади илми иқтисод, дотсент Қаюмов Абдуғафур дода шуд. Номбурда қайд кард, ки масъалаи рақобатпазирӣ ҳамеша диққати олимон, мутахассисони соҳаи иқтисодро  ҷалб намуда, муаммоҳои худро дорост ва табодули таҷриба дар ин самт басо бамаврид аст. Дар ҷараёни суханрони худ Қаюмов А. донишҷӯён ва олимони ҷавонро даъват намуд, ки барои саҳмгузорӣ дар пешрафти илми тоҷик кӯшишу ғайрат намуда, донишу малакаи худро барои ихтирооти навини гуногун масраф намоянд.

Тибқи барномаи конференсия 9 нафар маърӯзаҳои худро пешкаши иштирокчиёни конференсия намуданд.

Аз ҷумла, Эшматов Ҷ. – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дар маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар мавзӯи «Нақши МОИ “Суғд” дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа (дар мисоли вилояти Суғд)», Қоситов Ҷ. – магистранти курси 2-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи  «Диверсификатсияи истеҳсолӣ дар низоми омилҳои баландбардории рақобатпазирии соҳибкорӣ», Ишанов А.А. – магистранти курси 2-юми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ оид ба  «Классификация экономических условий обеспечения конкурентоспособности продукции предприятия», Нурматов Ш. – докторанти (PHD), курси  1-уми ихтисоси “Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат” ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров перомуни  «Рушди сайёҳии экологӣ-омили пешбарандаи иқтисодиёти кишвар»,  Шеров З.М. – аспиранти Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи          «Таҳлили таҷрибаи муомилоти заргарии Ҷумҳурии Мардумии Чин», Комилова Ф.А. – унвонҷӯи кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ         дар мавзӯи «Ecological problems of increasing competitiveness of Tajikistan’s  economy (on the example of Sughd region)», Боқиева М.Б. – докторанти (PHD), курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти соҳибкорӣ бо забони русӣ дар мавзӯи «Свободная экономическая зона как инструмент стимулирования экономической активности страны на примере СЭЗ Сугд» ва Одилов К.С. – магистранти курси 2-юми ихтисоси  молия ва қарзи ДИС ДДТТ перомуни «Хусусиятҳои ташаккулёбӣ ва принсипҳои ташкили низоми бонкии исломӣ дар шароити муосир» баромад намуданд.

Дар анҷоми ҳар як баромад бо маърӯзачиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Конференсияи донишкадавии магистрантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавон дар мавзӯи  «Рақобатпазирии иқтисодиёти  миллӣ: омилҳо, таҷриба, муаммоҳо» дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва иштирокчиёни он аз шунидани маърӯзаҳои пурмуҳтаво баҳраманд гардиданд.

Хабарнигори “ИТ”

Один комментарий для “Конференсияи донишкадавӣ дар мавзӯи “Рақобатпазирии иқтисодиёти  миллӣ: омилҳо, таҷриба, муаммоҳо””

  1. Конфронси мазкур дар ҳақиқат хело шавқовар шуд. Якумин маротиба дар таърихи донишкада конфронси олимони ҷавон бо иштироки магистрантон ва олимони ҷавони донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Суғд баргузор гашт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *