Китоби «Тоҷикон” ба ҳар хонадон

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми мамлакатро ҳидоят намуданд, ки  «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар робита ба ин, Пешвои миллат  аз иқдоми наҷибашон  паём дода, зикр карданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намояд».

Сарвари давлат ҳамчунин  вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро  вазифадор карданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат  гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард», -таъкид намуданд Пешвои миллат.

ОБ. ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ АҲЛИ БАШАР

Соли 2019 чун солҳои қаблӣ дар тақвими зиндагии мардуми сарбаланди тоҷик бо таҳаввулоту навгониҳо ва дастовардҳои муҳими таърихӣ бешак сабт мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалиеро мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он ба нафъи тамоми мардуми сайёра хоҳад буд.
Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16 – 17 майи соли равон бо ҳузури намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам, 37 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, намунаи барҷастаи иқдомоти сатҳи байналмилалии кишвари соҳибистиқлоли мост. Ин ҳамоиши байналмилалиро беш аз 200 хабарнигори ватанию хориҷӣ дар расонаҳои гуногуни олам бозтоб намуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи миллионҳо сокини сайёра гардид.
Пешоҳангии давлати мо дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳолест, ки соли дуввум аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ саргарми амалӣ намудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти об дар сайёраи замин мебошад. Воқеан, пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи олам далолат мекунад, ки боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳи ин сарзамини биҳиштосо аст.
Ингуна ташаббусҳои фарогири Пешвои муаззами миллати мо дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон 5 миллион нафар бар асари истифодаи оби ифлос вафот мекунад ва 3 миллиони дигар ба маризиҳои гуногун гирифтор мешавад. Далели аз ин ҳам ҳайратовар он аст, ки айни замон дар ақсои олам 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надоранд. Ин аст, ки тамоми сокинони сайёра аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунанд.
Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳори бовар намуда буд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015 – ро тақвият мебахшад. Дигар сиёсатмадорону коршиносони умури байналмилалӣ низ пешбинӣ мекунанд, ки ташаббуси пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос нақши муҳимеро иҷро хоҳад кард.
Ҳамин тавр, нуфусу эътибори афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳнамоии оқилонаи Пешвои муаззами миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву иҷтимоии худ дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Президенти мамлакат саҳм гузошта, ҳар сол ба пешрафтҳои нав ба нав мушарраф гардем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *