Кирдорҳои зишти бадхоҳони миллат ошкор шуд

Шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат»-ро  намоиш доданд, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро  мунсифона  тасвир намоянд.

Аҳолии Тоҷикистон фаромўш накардаанд, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд. Ин ҷанги фоҷиабор, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андўҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда  аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарстор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум гуруснагӣ мекашиданд. Аксари мардуми минтақаи ҷангзадаи кишвар аз рўи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд. Аз рўи ҳисобҳои тахминӣ, ба иқтисодиёти Тоҷикстон 10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизбу хиёнаткорон баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро объективона тасвир намоянд. Дар ин филм хиёнатҳои нобахшидании сарвар ва фаъолони ТТЭ ҲНИ боадолатона маҳкум карда шудааст.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунад.

Мирпочоев Д,

Шарифов А.,

Саидов Х.,

устодони донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *