КИБЕРТЕРРОРИЗМ БА ИНСОНИЯТ БО ХАТАРИ ҶИДДӢ ТАҲДИД МЕКУНАД!

Оромии ҷомеа на танҳо аз оромии дохилӣ, балки аз тамоми башарият вобаста аст. Солҳои охир симои аслии роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 маълум аст ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун хоини ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоинони миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона доранд ва инсони дарбадари дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Имруз он дасисабозии хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.
Баробари ин дар атрофи як хатари нав — кибертерроризм низ ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки ҳоло бадҳоҳони миллат барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи Замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.
Шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза – воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ (ПМ), Гурӯҳи -24 ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ аст, ки тавассути барномаи ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ ва дигаре “Садои мардум” бо навбат баромад менамоянд. Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Майли сокинони сайёра ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад..
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Бинобар ин, фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан- модар худаш бояд таҳсил карда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

ҒАФУРОВА Ф.К.,
муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисодии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *