Карантин ва паёмадҳои он

Имрузҳо дар тамоми ҷаҳон инсоният бо марг мубориза мебарад. Ин мубориза ҳанӯз нобаробар аст.

Абӯалӣ ибни Сино шояд аз аввалинҳост, ки дар мубориза ба муқобили вирусҳои хатарнок ҳамчун олим ва табиб корҳои шоиста кардаву муваффақ шудааст.

Сино бо шогирди худ Ҷузҷонӣ ҳангоми ҳиҷрат аз Бухоро вақте ҳамроҳи корвоне ба Хоразм наздик омад, дид, ки мардум  ҳама фирор мекунанд. Хабар расид, ки ба Хоразм бемории вабо омадааст. Корвониён зуд аз роҳ бармегарданд, аммо Сино баръакс, бо шунидани ин хабар, бошитобтар рӯ ба Хоразм меоварад. Ҳатто шогирдаш аввал аз ҳароси вабо аз роҳ бармегардад.

Сино фавран дар андешидани чораҳо барои рафъи вабо мешавад ва пешниҳод мекунад, ки бояд фавран дар шаҳр, ба истилоҳи имрӯза, карантин эълон шавад ва гирифторонро дар гӯшае ҷамъ оварда, ба муолиҷаи онҳо мепардозад, то боқимондаҳоро низ гирифтор насозанд. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд: Воҳима худаш ними касалӣ аст. Хотирҷамъӣ ними саломатӣ аст ва сабр бошад саршавии шифо аст.

Ибораи «Каронавирус дар Тоҷикистон» имрӯзҳо сархати хабарҳои ҳангомабарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил дода, боиси изтироб ва нигаронии мардум гаштааст Муаллифони ҳангомаҳо мӯътакид бар он ҳастанд, ки эълон кардани карантин роҳи ягонаи наҷот аз ин вабои аср аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар кишвар вобаста ба шароити иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва иҷтимоияш оид ба пандемияи СOVID-19 тасмими ба худ хос мегирад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо маводи зиёди воҳимаангез, ки қисме аз онҳо аз воқеият дур ҳастанд, ба чоп мерасанд. Дар онҳо талаб карда мешавад, ки вазъи иқтисодӣ чӣ гуна аст?

Масъалаи машҳури тоҷикӣ ҳаст: «Оба бину мӯза каш, ҳаворо бину ғӯза каш». Дар вазъи ба миён омада мо низ бояд вобаста ба шароит кор кунем. Амали кӯр – кӯрона ва тақлидкорона оқибатҳои ногувор дорад.

Муқоиса кардани мамлакати мо бо кишварҳои сатҳи иқтисодашон инкишофёфта ин дидаю дониста худро ба чоҳ андохтан аст. Муқоиса кунед, кишварҳое, ки имрӯз дар карантин нишастаанд, дар кадом сатҳи иқтисодӣ қарор доранд.

Бояд ҳар фард хуб дарк кунад, ки Тоҷикистон дар кадом шароити иқтисодӣ карор дорад. Мутаасифона, дар баъзе ҳолатҳо мо пойбанди омилҳои беруна мебошем, хусусан дар мавриди таъмини мардум бо маводи озуқа, сӯзишворӣ. Ҳеҷ кишвари ҷаҳон интизори чунин пайомадро надошт. Дар шароити қаблӣ зарурати истеҳсоли ҳамаи маҳсулот дар дохили як давлат вуҷуд надошт ва ин самаранок ҳам набуд. Зеро робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо чунин як заруратро аз байн бурда буданд. Аммо коронавирус боиси бастани сарҳадҳо, қатъи рафту омад ва доду гирифт гашт, ки мушкилоти зиёдеро ба миён овард.

Худ қазоват кунем, дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти нон ва маҳсулоти нонӣ (қабили орд, биринҷ, донагиҳо) мувофиқи меъёри истеъмолӣ дар як сол 1 миллиону 367,4 ҳазор тонна аст. Аз ин миқдор 610,4 ҳазор тонна (44%) дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, боқимонда (56 %) аз хориҷи кишвар (асосан Қазоқистон ва Федератсияи Россия) ворид мегардад. Дар чунин вазъият эълон кардани карантин дар ҳамаи соҳаҳо бар манфиати иқтисодиёт ва мардуми Тоҷикистон нест.

Хулоса беморӣ ва пандемияи коронавирусро инсоният ҳатман паси сар менамояд, аммо ояндаи давлату ҷомеаро иқдом ва амали имрӯзаи ҳар як шаҳрванд муайян хоҳад кард.

 

 

 

                                                      Ассистенти

 кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти

 гумрукии ДИС ДДТТ    

Ахмедова Адиба

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *