КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИЮ РУСИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ  СУХАНРОНИИ  БАРДУРУҒИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ  М.КАБИРИ ВА М.САДРИДДИНИ БЕШАРАФ

Дар расонаҳои хабарӣ дар бораи Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф  матолиби зиёде ба нашр расиданд, ин сару садоҳо аслан асоси воқеӣ надоранд. Мо ба ин гуна сару садоҳо ва хабарҳои бардуруғи шабакаҳои иҷтимоӣ бовар намекунем.

Мо, омӯзгорон шоҳиди онем, ки имрӯз дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус аз ҷониби наҳзатиён хабарҳои росту дурӯғ бисёр шуда,  инсонро ба ҳар гуна роҳҳо ва гурӯҳҳо ҷудо менамояд. Аз ҷумла, аз ҷониби мухолифни давлати мо зери роҳбарии Кабирӣ ва ва яке аз пайравонаш .Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоии худ “Паймони миллӣ”, “Ислоҳ.нет” намоишкорона масъалаҳои сиёсиро муғризона бозгӯ менамояд ва мақсадашон аён, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳоло душмани милат М.Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол бо ҳар гуна ранг пайдо шуда, бозӣ мекунад. Мо чунин нафароин маъюсро сахт маломат карда, ба онҳо лаънат мехонем ва суханҳои бардурӯғи иғвоангезонашро қотеъона маҳкум менамоем.

Дар фарҷоми ақидаи хеш қайд менамоем, ки вазифаи асосии мо омӯзгорон ба ҷавонон, ки дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд, баҳри васеъшавии ҷаҳонбинии онҳо ҳамаҷониба мусоидат карда, дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *