КАБИРИ БА БОСМАЧИҲО МОНАНД ШУДААСТ!

Солҳои охир, Раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз шахсиятҳои сиёҳи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар давлатҳои исломӣ ва хориҷӣ маҳз бо риёкориву дарёфти маблағҳои муфт, ҳамчунин ташвиқи исломи ҷангҷӯву террористӣ ном баровардааст.

 Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ чун Кӯри Юнусу Илҳом Ёқубови савдогар мехоҳанд, ки пеш аз ҳама зеҳни ҷавонони камсавод ва хурофотиро, ки исломро ба дараҷаи кофӣ намедонанд ва аз номи ислом баромад мекунанду худ итоат намекунанд насли камсаводро заҳролуд сохта, мехоҳанд онҳоро ба доми худ кашанд ва ё бо ҳар роҳ ва ҳилаву найрангҳо аз роҳи солим ба роҳи низоъу гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ тела намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ – раиси ба ном «Созмони шайтони миллат» дар суҳбати мустақимаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иброз дошт, ки босмачиҳоро ҳамчун қаҳрамонони миллат мешиносад. Оё ӯ медонад, ки дар қарни гузашта ҳоли мардуми Тоҷикистон аз дасти босмачиён чӣ қадар талафоти ҷонӣ дида буданд. Ӯ аз таърих огаҳӣ надорад. Вақте ки Муҳиддин Кабирӣ онҳоро ҳимоя мекунад, худ низ ба босмачӣ табдил меёбад. Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа супоришҳои хоҷагони хориҷиашро ба анҷом мерасонад, аммо кору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар таърихи Тоҷикистони навин қаҳрамонони саҳифаҳои сиёҳ мебошанд.

Қаблан изҳор дошта буд, ки насли саввуми босмачиҳо ҳастанд. Ин гурӯҳи ТТЭ ҲНИ ва дигар аъзоёни гурӯҳи хориҷиёнаш кӯшиш намуда истодаанд, ки амнияту осоиштагии кишварро халалдор сохта, аз як ҷиҳат манфиати моддӣ ба даст оранд аз ҷониби дигар бисёр мехоҳанд, ки сиёсати давлатиро низ дар ихтиёр дошта бошанд. Имрӯз ин нафарон дар ба дари хориҷиён маълум сохта истодаанд, ки онҳо дар назди давлату миллат ва дар назди хурду бузурги миллати тоҷик чун вазни холис курбе ва ё заррае арзиш надоранд. Аз ин рӯ, чун Кабирӣ ва пайравони ӯ аз босмачиву босмачигарӣ ҳарф мезананд пас мо мардуми тоҷик дар симои онҳо “Босмачиёни асри ХХI”-ро мебинему барояшон нафрат мехонем. Мардум дубора ба гуфтаҳо ва ақидаҳои иғвоангезандаи ӯ бовар намекунад. Тоҷикистон устувор гашта, мардуми сарбаландаш сиёҳро аз сафед ҷудо мекунанд. Мо жавонон имрӯз пайрави Пешвои миллат буда, истиқлолияти давлат ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *