КАБИРӢ ХУДРО МУСИЧАИ БЕГУНОҲ МЕШУМОРАД ё Дурӯғу сафсатаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми даҳ соли охир тариқи Интернет, яъне амиқтараш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм бештар ба назар мерасад. Ҳар ташкилоту созмон ва равияҳои ифротӣ дар сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир медиҳанд ва самаранок аз озодии сухан суйистифода намуда, ба сафедкунии” фаъолияти худ кўшиш доранд. Чунончӣ, роҳбарон ва ҷонибдорони ташкилоти террористӣ экстримистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) вақтҳои охир аз хориҷа истода дар барномаҳои ифротӣ ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда, сар то дурӯғу сафсата мебошад. Хосатан, роҳбари фирории собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ имрўз дар Аврупо паноҳ ёфта, дар барномаи ифротии “ Паймони миллӣ…” худро ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад ва бо ин васила  худро мусичаи бегуноҳ вонамуд менамояд. Баробари ин яке аз пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ва аъзои Гурўҳи-24 Беҳрўз Тағоймуродоваз аз озодии сухан суйистифода намуда, дар барномаҳои  “Пайванд” ва “Садои мардум” ба “сафедкунии” фаъолияти ифротиашон машғул ҳастанд. Баробари ин ба фаъолияти қаблӣ ва кунунии ТТЭ ҲНИ агар назар афканем, мушоҳида мешавад, ки ашхосе ба ташкилоти ифротгароён шомил шудааст, оқибат тақдири ояндааш месўзад. Яъне ё паси панҷара мешавад ва ё бехонаву  дар ё аз зану фарзандонаш ҷудо ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл мерасонад ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар мебарад. Лекин  имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва пайровонашро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин  тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.Зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад, динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Хулоса, бо назардошти масоили баррасишуда ва умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки ҳар яки мо аз дирўза имрўз зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар талош варзанд.

Ф. Комилова,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *