Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир М.Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш агар рӯзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд, хобашон гӯё ҳаром мегардад. Ҳарчанд ин ашхос зодаи кишвари мо бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватану миллат доранд, аслан ба нафрати мардум гирифторшудагонанд. Ин қабили ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.
Барои тасдики ин гуфтаҳо мисол меорем. Дар саммит бо номи Россия – Осиёи Марказӣ, ки санаи 14 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Кабирӣ боз тариқи баёния нисбат ба баромади Сарвари кишварамон ва шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ, монанди ба ош ҷурғот барин часпида, иғвогариро пеша намуд. Ин бадномкуниҳои навбатии Кабирӣ шабеҳи туҳматҳои қаблӣ аст, аммо бо тарзу усули ифротии ба худаш хос. Воқеан, ҳар кас аз баромади Кабирӣ эҳсос мекунад, ки ӯ худро “адлҷӯ” вонамуд карда, машғули гапҳои беҳуда, бе асосу далел ва мантиқ шуда, нисбати миллату давлат иғвоангезӣ менамояд. Ба Кабирӣ суол дода мешавад, ки баромадҳояшро барои инъикоси айбҳои мардуми кишвар ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё ягон масъалаи мушаххас?! Бе ягон душворӣ ба ин суол посух медиҳем, ки Кабирӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад. Дар ҳақиқат, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд, хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ба душманони миллат аз забони Мавлоно гуфтанием:
Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.
Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.
Мо амалҳои иғвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар таъкид мекунем, ки нияту мақсадҳои ғаразноки душманони миллат ҳаргиз ҷомаи амал нахоҳанд пӯшид.
М. АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ