КАБИРӢ ДАР ПАЙИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ЕВРОХОҶАГОН!

 

 Мусаллам аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи хеш, дар раванди ҳастиаш, ба ҳар гуна ҳодисаю воқеаҳои мудҳишу даҳшатбор борҳо, мутаассифона дучор шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин ҳодисаю воқеаҳое, ки барои бадбахт сохтани мардум роҳандозӣ шуда буданд, ба мисли ҳаводиси хунину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта зарбаи ҷонкоҳтар набуданд. Чунки миллати тоҷик тӯли ҳазор сол аз истиқлол ва соҳибдавлатӣ маҳрум буд ва ниҳоят миллати тоҷик дар солҳои 90-уми садаи ХХ ба Истиқлолияти комили сиёсӣ расид.

Мардуми кишвари мо хуб медонанд ва ҳеҷ ҷойи шарҳу эзоҳ ҳам нест, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997 бо роҳнамоии бевоситаи душманони дохилию берунии миллат, ки дар зери ниқоби динии исломӣ қарор доштанд, оғоз шуда буд. Агар ҳар нафар аз ҳақиқат сухан бикунад, ки роҳбари кунунии собиқ ҲНИ ва навозандагони дастаи ҳунарии вай барои кишвари Тоҷикистон ҳама гуна хиёнатҳоро раво диданд. Бо вуҷуди ин ҳама зиштиҳо, бадбиниҳо, ҷангандозиҳо, хиёнатҳо, майдонбозиҳо ва ҳоказо тамоми душманони миллати тоҷик, ки чун каждум аз дохили ин миллат сар бароварда буданд, бахшида шуданд. Аниқтараш тайи даҳсолаҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат бо 16 санади авф 160 ҳазор нафар шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, ҳабс шуда буданд, авф карда шудаанд. Бояд ёдовар шуд,ки санаи 27-уми июни соли 1997, яъне имсол 24 – умин солгарди ин рӯзи фархундаро таҷлил мекунем. То ин санаи муқаддас миллати тоҷик дар дуроҳаи байни обу оташ қарор дошт, ки каме иштибоҳ метавонист номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвар аз байн барад. Дар ин рӯз бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид, аз паси абрҳои сиёҳи фазои Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офтоб нурпошӣ кард ва миллати ҷангзадаю чандпораи тоҷик ба ваҳдати комили миллӣ расид. Аз ин рӯз ин ҷониб дар фазои кишвар сулҳу субот ҳукмфармо гардида, гурезаҳо ба хонаи худ баргаштанд, вайронаҳои баъдиҷангӣ барқарор шуданд ва зиндагии осоиштаи мардум таъмин карда шуд. Имрӯз бошад, бархе аз раҳгумзадаҳо ва кӯрдилон, ки аз паси амалҳои нопоку муғризонаи ТТЭ ҲНИ рафтанд, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуданд ва алҳол дар зиндон қарор доранд. Вале роҳбарашон дар кишварҳои рушдёфта ва тараққикарда машғули тиҷорату корҳои шахсии худ буда, ҳеҷ дар фикри онон нестанд. Танҳо ба хотири наозурдани қалби собиқ «ҳамсафон»-аш онҳоро аламбардорӣ мекунад. Ва ҳамон созмони “Паймони миллӣ” тибқи супориши еврохоҷагонаш М.Кабирӣ дар Аврупо боз кардааст, ки ба ҷуз рушди тиҷроати худи ӯ нақшаи дигаре надорад. Барои расидан ба ҳадафи худ М. Кабирӣ ва пайравонаш мунтазам маводҳои характери зиддидавлати доштаро дар сомонаи иҷтимоӣ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд. Он афроде, ки дар ин «дафтарҳои хусусӣ»-и вай фаъолият менамоянд, қурбони манфиатҳои ӯ ё мисли дигар аъзои собиқи ҳизби кисагиаш фирефтаи ваъдаҳои сароби ин нафар мешавад. Ҳамин тавр, набояд аз паси суханони сароби ин фард рафт ва ба гуфтаҳои ӯ амал кард. Зеро барои Кабирӣ на миллат қадр дораду на меҳан. Барои ӯ танҳо ва танҳо манфиатҳои шахсӣ, ҳадафҳои нопок ва супориши еврохоҷагонаш дар мадди аввал аст.

Мо омӯзгорон дарк мекунем ва исбот ҳам шуда истодааст, ки ТТЭ ҲНИ бахусус М.Кабирӣ ва умуман наҳзатиён бо дастгирии еврохоҷагонашон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид! Дар интиҳои маколаи хеш наҳзатиҳо таъкид менамоем, ки шумо беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд. Боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…

 

                                                                                 А. ВАЛИЕВ.,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *