КАБИРӢ ЧАРО САҒИР ШУД?

КАБИРӢ ЧАРО САҒИР ШУД?

       Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо интихобкунандагон дар шаҳри Исфара доир гардид. Қаблан банда дар ягон мулоқоти рӯбарӯи ӯ ширкат надоштам ва гуфтан мумкин аст, ин аввалин иштироки ман дар мулоқоти Кабирӣ ба ҳайси як нафар шунаванда буд. Шунавандае, ки мехост аз Кабирӣ шуниданиҳоеро шунавад. Вале..

 ДАСТУПОЧА ШУД

      Дигар иштирокдоронро намедонам, аммо вақте Кабирӣ дохили толори маҷлисгоҳ гардид, якумин ҳарфу эҳсосе, ки банда дар симояш дидам, ин рӯҳафтодагиву изтироболудагӣ буд. Шояд дигарон тавассути навор ин мулоқотро дида бошанд ва диданӣ ҳастанд, аммо бояд гуфт, ки тавассути объективи дурбинҳои аккосиву наворбардорӣ метавон лаҳзаҳоро сабт кард, аммо наметавон дар ин аксҳову наворҳо изтиробу ҳаяҷон ва эҳсосоти ботинии шахсро ба мушоҳида гирифт.

         Кабирӣ ба толор ворид шуду худро як лаҳза гум кард, ба қавли мардумӣ “даступоча шуд”. Ҳамин як лаҳза кифоят буд, ки тамоми эҳсосҳои ботинии ӯ рӯй зананд. Яъне ҳарфҳои он ки Кабирӣ таҳаммулпазир асту пуртоқат ва дипломати воқеан беназир комилан дуруст набудаанд, балки ҷуз мақоли халқии “Овозаи Рустам беҳ аз Рустам” чизи дигаре набуда.

Мирзо Беков,

устоди ДДХ ба номи академик

Б.Гафуров, вилояи Суғд.

Н. САМЕЕВ НЕСТ, ШОЯД БА “ВЕРБОВКА” РАФТА…

          Дар ҳангоми мулоқот Кабирӣ ба набудани раиси бахши исфарагии ҲНИТ Самеев Наимҷон ишора кард. Гуфт, ки номбурда дар Федератсияи Русия корбарӣ дорад.

          Ваҳ! Ана гапу мана кор. Интихобот дар Тоҷикистон сурат мегирад. Кабирӣ хуб медонад, ки барои муҳоҷирон дар ФР чӣ қадар қитъаҳои овоздиҳӣ таъсис дода мешаванд. Электорати асосии интихобкунандагон дар куҷост? Чӣ гуна нақше, Самеев Н. ба раванди интихоботи Исфара гузоштанаш мумкин аст? Не, да. Ҳатман бояд Самеев Н. ба ФР барои вербовка рафтанаш зарур. Ин чӣ гуна гашти сиёсист? Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед,   Кабирӣ?  Шояд дар паси ин гаштҳо бозиҳое ҳаст, ки интихобкунанда донистанаш зарур нест?

         Шояд, аммо дар маъракаи интихобот ба интихобкунанда ҳарфе бояд гуфт, ки ӯ шунидан мехоҳад, на калимоте, ки Шумо гуфтанӣ ҳастед. Илтимос, мӯҳтарам лидерони сиёсӣ мо – интихобкунандагон он қадар ҳам “тупой” нестем, ки Шумоёни азиз мепиндоред.

Мирзо Беков,

устоди ДДХ ба номи академик

Б.Гафуров, вилояи Суғд.

ТАШРИФИ “ТУФАЙЛӢ”

           Дар Исфара мулоқоти Кабирӣ қариб поён меёфт. Дар ин вақт Раҳматулло Зоиров вориди маҷлисгоҳ шуда, ният кард, чанд ҳарфе бо интихобкунандагон дошта бошад. Аммо раиси ҳавза дар такя ба қонунгузорӣ иброз намуд, ки қаблан аз ҷониби Зоиров ё дигар масъулини ҲСДТ оид ба гузаронидани мулоқот дархост нашудааст, бинобар ин наметавонад аз бардошти мардум ва сабурии онҳо истифода кунад. Лаҳзаи аҷиб, Ҳамту не!

           Зоиров Раҳматулло, ҳуқуқшинос, раиси як ҳизби сиёсӣ бо роҳи “туфайлӣ” вориди маҷлисгоҳ шудану нияти вохӯрӣ карданаш хуб набуд. Бовар кунед ба ҷойи Зоиров ман шарм доштам, аз ин рафтори ноҷоя ва ғайрисиёсиву беодобонааш.   Муфт мехост аудиторияро истифода барад. Ин чӣ маъно дорад? Шояд Р.Зоиров аз он тарсид, ки дар мулоқоти ҷудогонааш касе ба сӯҳбаташ наояд. Воқеан наомаданаш ҳам мумкин. Чун дар Исфара аъзои ҲСДТ нест, ки нест.

         Ба ҳар сурат аз рафти мулоқот як чиро эҳсос кардам: лидерони сиёсии ин аҳзоб танҳо мехоҳанд имиджи сиёсии худро боло баранд. Ба интихоботу интихобкунанда ва орзуҳои ӯ коре надоранд. Агар воқеан чунин аст, аз будани чунин аҳзобу лидерони сиёсӣ  набуданашон ҳазорон бор авлотар мебошад.

Мирзо Беков,

устоди ДДХ ба номи академик

Б.Гафуров, вилояи Суғд.

2 Комментариев для “КАБИРӢ ЧАРО САҒИР ШУД?”

  1. шахсе ки нону оши миллатро хурда ба он туф мекунад кур мегардад.

  2. Хама кидори бад аз нодони сар мезанад. Бехуда нагуфтаанд, ки “Давидани гусола то кахдон”. Гар нек боши мардум эхтиромат хоханд кард, гар не , баръакс.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *