Кӣ ва чӣ тавр ҷавононро ба сўи ифротгарои моил мекунад?

Иброҳимов И.И.,
Мамадхӯҷаева М.

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».
Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӣ ва чӣ тавр ҷавононро ба сўи ифротгароӣ моил мекунад?

Нашри хабаре дар бораи ин ки дар Сурия боз як ҷавони тоҷик кушта шудааст, далели дигаре барои зарурати таҳкими идеологияи миллӣ ва пешгирӣ аз чидагирӣ (вербовка)-и ҷавонон аз сӯйи гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Расонаҳо аз қавли манобеи худ дар ноҳияи Фархор хабари кушта шудани Файзиддин Қ., ҷавони зодаи ҳамин ноҳияро дар Сурия тасдиқ кардаанд. Дар истинод ба падари Файзиддин, ҳамагӣ чанд моҳ пеш Сангак ном писари дигараш низ дар Сурия кушта шудааст. Падари Файзиддину Сангак фикр мекард, ки писаронаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд. Бори охир Файзиддин 6 моҳ пеш аз Туркия ба падараш занг зада буд ва пас аз ин тамос бо хонаводаро якбора қатъ кард. Ҳоло ҳарчанд падар ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи марги писаронаш дар Сурияро надорад, ба хабарҳо дар бораи кушта шуданашон дар он кишвари арабӣ бовар дорад ва санги гароне замираш ҷой гирифта.
Тибқи гузоришҳои манобеи гуногун, то имрӯз даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва гурӯҳҳои ифротгаро бо чӣ роҳе ва кадом мақсад ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои «ҷиҳод» дар Сурия ҷалб мекунанд? Чаро ин гурӯҳҳо ба ҳадафи худ осон даст меёбанд? Оё моилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия сабабҳои молиявӣ дорад ё асосан ақидавӣ?
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия, яъне кишвари муҳоҷирати корӣ, бо роҳи найранг ва сардаргумӣ шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд. Онҳое, ки ба ҷангҳо ҷалб мешаванд, бештар аз роҳи шабакаи ҷаҳонии интернет ин ақидаҳоро пайдо ва сафари худро ба Сурия тавассути мубаллиғони ҷиҳод танзим мекунанд. Аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар омадаанд, барои гурӯҳҳои ифротӣ нисбатан осон даст медиҳад. Барояшон пардохти маблағ ва имтиёзҳое ваъда мешавад ва пас аз мағзшӯии бисёре ҷавонон барои ширкат дар амалиётҳои низомии Сурия ризо мешаванд. Хатсайри интиқоли онҳо то ба Сурия тавассути Туркия ва қисме аз Эрон сурат мегирад. Ба ҷалби ҷавонон ба ин ҷараён одамони махсус омӯзонидашуда машғул мешаванд, ки бар ивази «меҳнат»-ашон аз «фондҳои исломӣ»-и кишварҳои арабӣ маблағи қобили мулоҳизае дарёфт мекунанд.
Онгуна ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».
Ҳоло барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «Фейсбук» низ фаровон истифода мешавад. Гурӯҳҳои чидагири ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои дурӯғин бо ҷавонон шинос шуда, батадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Бештар ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шомили гурӯҳҳои мазҳабӣ ҳастанд ё дар мавзӯъҳои динию мазҳабӣ баҳсҳои тунду гоҳе холӣ аз мантиқ доир мекунанд (ҷавононе, ки зоҳиран мазҳабӣ, аммо аз дониши мукаммали динӣ номусаллаҳ), мавриди «ҳадаф»-и чидагирон ё афроди мағзшӯйи ифротгаро қарор мегиранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки имрӯз шумораи корбарони тоҷикзабони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳудуди як миллион нафар, он ҳам аксаран ҷавонон, арзёбӣ мешавад ва бо дарназардошти ин ки ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба як воситаи муассири ташаккулдиҳандаи афкори омма табдил меёбанд, муҳим аст, ки ин «корзор» дар мадди назар бошад. Албатта, мо намегӯем, ки муборизаи идеологӣ ва иттилоотӣ дар ин майдони маҷозӣ бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бошад, балки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз он ба таври муассир ва бо мақсади шакл додани афкори солими ҷавонони тоҷик истифода кунанд.

«Дар тасаввури ман, ҷиҳод…»
Ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб, соле қабл дар пайи ташвиқу таблиғи намояндаи як чунин гурӯҳи ифротӣ розӣ мешавад, ки барои «ҷиҳод» ба Сурия сафар кунад. Дар Туркия (он ҷо, ки миёнаравон ҷавонони «сарсупурда»-ро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, то аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба Сурия интиқол диҳанд) Б. бо намояндаи гурӯҳи ДИИШ вомехӯрад ва дар бораи вазифаҳои худ суол мекунад. «Ба ман гуфтанд, ки силоҳу бомбро бо худ мегирӣ ва дар яке аз минтақаҳои даргири Сурия ба ҷанг меравӣ. Аз пешат ҳар зану кӯдаке, ки баромад, ҳадафи тир қарор медиҳӣ. Инҳо ҳаққи зистан надоранд!», – ба ёд меорад Б. ва меафзояд: «Дар тасаввури ман, ҷиҳод бояд бар зидди душманони ислом сурат бигирад, на бар зидди одамони нотавон, занону кӯдакони оҷиз. Вақте дар бораи «миссия»-и ман гуфтанд, аз онҳо хостам, ки бароям ду ҳафта вақт диҳанд, то худро омода кунам.
Агар пешниҳодашонро рад мекардам, шояд он ҷо маро мекуштанд. Бо ҳамин баҳона илоҷе карда, аз он ҷо ба Кӯлоб баргаштам. Лаънату нафрин хондам ба онҳое, ки аз бекорию камбизоатии баъзе ҷавонон сӯйистифода намуда, онҳоро гумроҳ месозанд ва барои расидан ба мақсадҳои ғаразборашон равона мекунанд».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли гузашта зимни мулоқоташ бо аҳли ҷомеа аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе гурӯҳҳо аз низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сӯйиистифода менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, «ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем… Тибқи маълумот, имрӯз зиёда аз 80 оила аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед…»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *