ИЗҲОРОТИ АҲЛИ ҶОМЕАИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВА БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ РОҶЕЪ БА ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГӢ ДӮСТИВУ БАРОДАРИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз чорсадсола дорад. Ин муносибат дар солҳои пеш ва баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муносибати дӯстонаву меҳнати қаҳрамононаи коргарони тоҷику қирғиз дар конҳои ангишти Шуроб, Сулукта ва солҳои 90 қарни ХХ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз санҷиши таърих гузаштааст.
Сокинони деҳаи Воруху Чоркӯҳ то инқилоб ба кишоварзӣ – истеҳсоли ғалладона, аз ҷумла шоликорӣ ва чорводорӣ ва инчунин соҳаҳои хело зиёди ҳунармандӣ, аз қабили бофандагиву рангуборчигӣ, оҳангарӣ, коркарди пӯст, мӯзадӯзи (чоруқдӯзӣ), сангтарошӣ, кулолӣ, равғанкашӣ ва даҳҳо дигар ҳунарҳои халқӣ машғул буданд. Дар маркази деҳаи Ворух дӯконҳои тоҷирон ҷойгир буд, ки дар онҳо матоҳои маҳалӣ ва истеҳсоли фабрикавӣ фурӯхта мешуд. Рӯзҳои душанбе бозор доир мегардид, ки ба сокинони қишлоқҳои гирду атроф ва авулҳои қирғизҳо бо молу амволи ҳунармандии худ ташриф меоварданд. Дар ин раванд халқҳои тоҷику қирғизҳо бо урфу одат, маданияту санъат ва фарҳангу тамаъдуни якдигар ошно гардида, ғизои маънавӣ мегирифтанд. Бо мурури замон ин ҳама муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ ва арзишҳои миллӣ этникии тоҷикону қирғизҳо робитаи онҳоро мустаҳкам намуда, оилаҳои интернатсионалӣ тоҷику қирғиз пайдо гардиданд. Мутаассифона солҳои охир моҷароҳои миллӣ- этникӣ дар хусуси обу замин ва дигар масъалаҳои маишӣ ба мушоҳида мерасанд Масалан воқеаҳои низоангези 22 июли соли равон, байни сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара ва деҳаи Оқсои ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки онро албатта истисно бояд ҳисобид.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони давлати ҳуқуқбунёду димократӣ, такя ба ақлу хирад ва таҳаммулпазирӣ азалии ниёгони худ мувафақиятҳои беназир ба даст оварда истодааст. Бо баробари ин, бо назардошти таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Маркази, аз он ҷумла тоҷику қирғиз дар як ҳавзаи маданӣ ташаккул ёфта, ба воя расидааст ва барои аҳли зиё ва мардумони соҳибмаърифати ин минтақа чун заминаи мустаҳками дӯстиву рафоқат ва равзанаи маърифат хизмат бояд кунад.
Мо аҳли ҷомеаи факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ боварии комил дорем, ки барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумуи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *