ИЗХОРОТИ кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ  дар мавриди созмони «Паймони миллӣ» ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

 

Мо, устодону шогирдони кафедраи муносибатҳои байналмилаӣ таъкид карданием, ки хоинони миллати тоҷик аз қабили ҲНИ, Анҷумани озодандешагон, Ҷунбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагонатон анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ва он амалӣ нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, ки дар он маҳз ТЭТ ҲНИ даст дошт ва бо ин восита мехост Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллӣ аз лиҳози амну субот заиф нишон диҳед, фаромӯшношуданист. Тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд. Шумо бадхоҳони миллат фаромӯш накунед, ки мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманди худ ифтихор дорем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *