Ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва экстремистӣ

Фазои сиёсии ҷаҳони имрўза дар қиёс бо тамоми давраҳои таърихи башарият хеле ҳассос ва хатарпазир гардидааст. Бегумон, ин ҳолат ба чанд омил иртиботи мустақим дорад. Пешрафти бемайлони технология, ихтирои василаҳои муоширати осону озоди электронӣ, сохтану паҳншавӣ ва таҳдиди навъҳои гуногуни яроқи қатли ом, инчунин зуҳури ҳаракатҳои шадиди наҷодиву миллӣ ва диниву мазҳабӣ руҳи ороми ҷаҳонро ба ларза даровардаанд. Агар инсоният бо пешбурди истеҳсолоту саноат ва кашфу тадқиқи кайҳон вазъи экологии сайёраро вайрон карда, боиси тағйири иқлим гардида истода бошад, боз ҳам худи ў бо пайдоиши ақидаву таълимотҳое машғул аст, ки фазои маънавии оламро ба куллӣ дигаргун месозанд. Мутаас-сифона, дар баробари паҳншавии вирусҳои марговаре ба саломатии фарзандони одам ҳамарӯза хавфу хатар эҷод менамоянд, вируси дигаре ҳам бо номи экстремизму (ифоротгароӣ) терроризм дар гӯшаву канори олам доман мегустаронад.

Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ номида мешавад. Дар моддаи 3-и Қонун «Дар бораи мубориза бо экстремизм» гуфта шуда буд, ки ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошанд, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Бадии ин зуҳуроти манфии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷаҳон аз он иборат аст, ки саркардагону манфиатчиёни ин тамоюл дини мубини исломро ба худ ниқоб мекунанд ва зикри номи бузурги Худовандро дар қатлу куштор сарсухани «ғалаба»«муваффақият»-ҳои худ меҳисобанд. Бо назардошти ин ҳолат маълум мегардад, ки имрўз дар ҷаҳон ягон давлате нест, ки аз ин вабо эмин бошад, яъне таҳдиду зарари ин зуҳуроти оламсӯзро тамоми ҷомеаи инсонӣ беш аз пеш эҳсос менамояд. Ҳоло терроризме, ки исломи пок ва номи Худову Пайғамбари охирини ӯро чун парчам баланд бардошта, хуни ҳазорон кӯдакони бегуноҳ, занону мардони бечораву залилро мерезад, чун хор дар гулистони ҳаёти осоиштаи мардум сар берун мекунад ва барои онҳо гӯё чизе дар олам ба ғайр аз куштан, сӯхтан ва тарконидан муқаддасу гиромӣ нест.

Аз таҳлили коршиносон ва ҳаводису рӯйдоди ҷаҳони имрӯза бармеояд, ки бештари ҷавонон, гўё баъди қурбон шудан дар биҳишти ҷовидон роҳ меёбанд, бинобар он ба «ҷиҳод» ба мамолики дигари мусулмонӣ, чун Сурияву Фаластин, ки асосан онҳо аз мо дида қазовати динии бештар доранд, роҳ пеш мегиранд. Аммо андеша намекунанд, ки чӣ гуна «ҷиҳод» асту бо кадом далел вориди ҷаннати ҷовидонӣ шудани онҳо воқеият дорад, зери суол аст. Боварӣ дорем, ки эшон ба моҳияти «ҷиҳод» то кунун сарфаҳм нарафтаанд. Дар баробари ин андӯҳи волидон ва ҳамсару фарзанди эшон бо нолаи аз сӯзи қалбҳои бадаршудаи модар ва чашидани заҳри ятимии фарзандону пароканда шудани оилаи солиму хушбахт ба миён меояд.

Саҳифаҳои нашрияҳо, барномаҳои телевизионӣ, сомонаҳои шабакаҳои умумиҷаҳонӣ, гуфтанҳову шуниданҳо ва диданиҳо аз ҳаводиси бегонашавии миллат, даъвати ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаро гирифтаанд, ки ин ҳама даъватҳо дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи он амалӣ гашта истодааст. Яъне ислом низ дар охир ҳамчун сиёсате чун бозичаи дасти иғвогарону душманони мамолики ғарб гардидааст. Ин омил аз он сар мезанад, ки мутаассифона дар мо, мусулмонон, маърифати исломӣ ва шуури сиёсӣ коста гардидааст. Аз ин ҷост, ки ислом чун аслиҳа ва мусулмон ҳамчун объекти ба нишон гирифташуда қарор гирифтааст. Замоне, ки ба асолати асосии ислому расму ойин ва рукнҳои он сарфаҳм намеравем, пас ҳеҷ зарурати ба сиёсат омехта намудани он намемонад. Ин нуқта дар моддаи 8-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст: «Ҳеҷ андеша, аз ҷумла андешаи динӣ наметавонад чун андешаи давлатӣ эътироф шавад…Созмонҳои динӣ аз давлат ҷудо буда (баёнгари аслӣ ҷудоии дин аз сиёсат), ин ташкилот дар корҳои давлат наметавонад дахолат кунад».

Дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш, ки дар қиёс бо дигар динҳо афзалтарин дин ҳисобида шудааст, ҷараёнҳои тундрав ва душманони миллату аҷнабиён мехоҳанд фитна миёни мусулмон биандозанд ва ба ин васила мусулмонро ҳамчун қотил ва ҷаллоду бераҳм тасвир кунанд. Ба таври дигар гӯем, ислом ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ истифода мешавад. Ошкор аст, ки ин ҳама бедодгариву иғвоангезӣ аз хориҷи кишвар шомили кишвари мо гардида, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ пеши ҷавонони миллатро густурда, намаки бо ислом омехтаи худ дар афкори ҷавонон мӯҳри бегонапарастӣ гузошт. Ин ҳама воситаи иғвоангезӣ миёни давлату миллат аст, аммо дар асл ислом айбе надорад.

Дар ин бора Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барҷо фармудааст: «Ислом бар зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост…» Сиёҳкунии дин ё ба сиёсат мубаддал намудани дин ҳам муқобили қонуни аввалини (Сарқонуни) кишвар ва ҳам як воситаи шӯру иғво миёни давлату миллат чун силоҳе мавриди корбурд қарор дорад ва исботи ин раванд дигар матлаберо тақозо намекунад, зеро ҳаводиси моҷароҷӯёнаи дунёи башар бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар афкори рӯшанфикрон ҳамеша андешае давр мезанад, ки чаро гурӯҳҳои тундрав ва душманони миллат ҳамеша бо каломи ирфонӣ мардумро таблиғ мекунанд, зеро бо каломи ирфонӣ ва истифода аз нуфузи дини ислом ва ҳадиси Расули Акрам (с) ташвиқи эшон нишонрас мешаванд. Аммо набояд аз хотир дур сохт, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, хоса Падари миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба арзишҳои исломӣ ва эҳтиром гузоштан ба каломи Худованду ҳадисҳои набавӣ тадбирҳои бузургро ба сомон расонидаанд, ба монанди: мақоми давлатӣ гирифтани идҳои асосии исломӣ, созмон додани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти фаъолияти озод ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, тарҷумаи китоби муқаддаси дини ислом – «Қуръони карим» ба забони тоҷикӣ (бо алифбои кириллӣ), аз ҳама асосӣ таҷлили 1310 солагии пешвои мазҳабӣ – Имоми Аъзам (5 октябри соли 2009) ва амсоли инҳо.

Ҳаводиси замони охир ва иттилои расонаҳои хабарӣ чанд вақт инҷониб сару садоҳои амалҳои террористӣ, қатлу қурбонӣ, расидан ба номуси занон ва амсоли ин барин амалҳои бадахлоқиро ошкор намуда истодаанд, ки каҳрамонҳои асосии нақшҳо дар авалия ба қавле ҳомиёни дину «рӯҳониён» ба ҳисоб мераванд.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони кишвар фирефтаи таблиғоти бебунёди экстремистӣ мегарданд, ки дасти душманони миллат барои он, ки аъзои ҷомеаи мо, хусусан ҷавононро ба осонӣ ба доми фиреби худ андохта, нерӯи ақлонию ҷисмонии онҳоро ба муқобили ҷамъият, бар зидди волидайн, бародар ва ёру дӯстонашон истифода мебаранд, нақшаву ният ва амали нопоки худро ба ислом нисбат медиҳанд, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду фақир ва ночиз нишон медиҳанд.

Бояд фаҳмид, ки муколамаи диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ифодагари сиёсати зидди динии давлат нест, зеро давлати имрӯзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузорӣ мешавад. Беш аз ҳазор сол шуд, ки аксари мардуми мусулмони тоҷик ба мазҳаби барҳақ ва ростинати Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) пайравӣ намуда, дар ҳамзистии осоишта ба тамоми мардуми минтақа ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуданд.

Мо дар тамоми дунё бо номи тоҷик, бо адлу инсофу илму маърифат овозадору машҳур гаштаем на бо хунрезиву ваҳшоният. Мо аз қадим дину мазҳаби худро пос медорем.

Хулоса, мо халқи Тоҷикистон (тоҷикистониён) ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул буда, соҳибихтиёрии давлати худро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодии шахсро муқаддас шуморида, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар вазифадор ҳастем. Хирадмандӣ, дурандешӣ ва инсондӯстӣ имрӯз аз ҳар яки мо қабули қарори дурустро оиди ин ё он масъала талаб менамояд.

Ҷавонони имрӯза ба хубӣ дарк намоед, ки роҳи фардои мо на ба сӯи ҷаҳолат, низоъҳои иҷтимоӣ, якдигарнофаҳмӣ ва бесару сомонист, балки роҳи пойдор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият ва илму маърифат аст.

Отаҷонова Фарангис Ғайбуллоҷоновна

Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Донишкадаи иқтисод ва савдои

Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *