Ҳизбу ҳаракатҳои раванди террористидошта ва баъзе амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда қайд намуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Терроризм  вожаи лотинӣ буда, яке аз шаклҳои даҳшатафканӣ бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда ва ғайра мебошанд, ки дар ҷаҳони муосир доим дар тағйирот аст.

         Террористон  мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, тарсу ваҳм андохтан ва куштор амалӣ намоянд. Имрўз дар дунё ҳаргуна гуруҳҳои манфиатхоҳ аз надонистани қонун, дониши пасти сиёсӣ, хурофотпарастӣ ва паст будани вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода намуда, онҳоро баъзан ба содир кардани амалҳои террористӣ ҷалб менамоянд.

         Амалҳои террористие, ки рўзҳои охир дар Фаронса рўй доданд ва амали террористие, ки боиси сукути ҳавопаймои Россия гардида, садҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум ва  садҳо оилаи бегуноҳро ба ғаму андўҳ гирифтор карданд, тамоми мардуми сулҳпарвари дунёро ба ҷунбиш оварданд.

         Чи тавре, ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сарварии он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ – Ҳалим Назарзода баромад намуд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи  ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони  нав»  ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои араб: – Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором  буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои  гуруҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом  барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод сохтааст.

Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори: «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро, хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар ҳаминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Вақтҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату  ватан аст. Имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи «фанатизм ва экстремизм»ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки  шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди исломанд. Нафароне,  ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусалмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои субботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гуруҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гуруҳҳои ифротгаро накунем.

Имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.

Экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошанд. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда,  ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатики худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гурухҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстеремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспушӣ ба фарҳанги мо бегона ва ба ин васила тарбия кардани наслҳои ҷавон ба руҳияи садоқат ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, равона карда шудаанд.

Инсон табиатан мавҷуди иҷтимоист. Вай бидуни оила, ҷомеа, муносибату муошират бо одамон зиста, талаботи моддӣ, маънавӣ, равонии худро қонеъ карда наметавонад.

Инсон дар оила таваллуд мегардад. Оила иттиҳоди худи одамон, ниҳоди аввалин ва муҳимтарини ҷомеа буда, зану шавҳар, фарзандон, дигар аъзоён, молу мулкро муттаҳид месозад.

Падар модар сабабгори ҳастии фарзандонанд. Бинобар ин ҳурмату эҳтиром, риояи ҳаққу ҳуқуқи онҳо тибқи ҳам илмҳои дунявӣ, ҳам динӣ ва ҳам ақлу хирад аз ҳам заруру воҷиб аст. Доир ба шинохту ҳурмати модару падар дар асарҳои «қобуснома», «Футувватномаи султонӣ», «Одоб-ул-асҳоб» ва ғайра андеша ва ҳикматҳои пурқиммат ифода ёфтаанд, ки то ба имруз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд. Дар «қобуснома» «Кимиёи сакфат ва дигар асарҳо андешаҳои хеле муфид ва муҳимтарин таклифҳои муошира ба онҳо баён шудаанд.

Дар асари мавсуф зикр шудааст, ки ҳам аз ҷиҳати илмҳои дунявию динӣ ва ҳам аз ҷиҳати ақлу одамгарӣ риояи ҳурмату эҳтироми волидон носипосӣ кардан, онҳоро ранҷонидан қатъиян норавост, ҳар як фард бо падару модараш чунон муомила кунад, ки чунин муносибатро аз фарзандонаш умедвор аст. Падару модара гар ба мисли дарахт бошанд, фарзанд монанди меваи он аст, ҳар қадар агар дарахтро парварӣ, меваи он ҳамонанд, ки ширину беҳтар хоҳад шуд.

Хамаи волидон ва омузгорон дар он ҷиҳат кушиш доранд, ки аввал ба тарбияи гузаштагон такя намуда ва бо мақсади муайяну пешгирӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, барҳам додани амалу кирдорҳои номатлуби ҷавонон, барои саривақт пешгирӣ намудан кушиш доранд. Тавре, ки васоити оинаи нилгун барномаҳо пешкаш мегарданд, содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон ҳануз ҳам ташвишоваранд. Бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳалҳо, корхонаю муассисаҳо, мактабу макотибҳои олӣ вохуриву суҳбатҳои зиёд гузаронида шаванд.

Ҳар фарди солим танҳо онро талаб намояд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, террроризм, экстремизм, гардиши ғайриконунии маводи мухаддир ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа пурзур намуда, вазифаҳои худро назди ҷамъият содиқона ва софдилонаи иҷро намоянд, ки то пушаймон нагарданд. Волидону омузгоронро барои мусоидат баҳри мубориза ва пешгирии ҳар гунна амалҳои номатлуби ҷавонон даъват намуда, фаҳмондадиҳиро бояд пурзур намуд.

Боз онро зикр намуд, ки пушидани сатри сиёҳ ва тақлид ба маданият ва тарзи либоспушии ба фарҳанги миллати мо бегона, хусусан барои ҷавондухтарон ноҷоиз буда, пушидани либосҳои анъанавии миллии тоҷикона ба дин ва маданияти онҳо халал ворид намесозад. Дар хотима онро бояд қайд намуд, ки пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ва хатто шаҳрвандонро аз ҳизбу ҳаракатҳои раванди террористидошта бояд эҳтиёт намуд. Ҷавононро ба омузиши илму дониш ва қадршиносии инсон, поквиҷдониву садоқатмандӣ ва дарки ҳақиқии арзишҳои маънавию фарҳангии кишвар ҳидоят кард.

н.и.п., омузгори калон Манонова Р.А.
кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

2 Комментариев для “Ҳизбу ҳаракатҳои раванди террористидошта ва баъзе амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон”

  1. муаллиф дар ҳақиқат бо далелҳои ҷолиб ва иҷтибосоварӣ аз афкори ниёгон фикрашро дуруст баён кардааст. Ин гурӯҳҳову ҳизбҳои тундрав ба вуҷуди миллат хатарборанд!

  2. Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатики худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Ман бо ин фикрҳои муаллиф сад дар сад розиям аз ин худобехабарон эҳтиёт бошед. Ҷони худ ва ҳаёти наздикони худро ба хатар нагузоред!

Leave a Reply to Саидова С. Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *