ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ-ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ фаъолона ширкат меварзад. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории муташаккилона аст. Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медиҳад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Яке аз ҳизбҳо дар замони муосир ба авҷ гирифтани ғояҳои ифротгароёнаи ҲНИ вобаста мебошад.

Ҳизби наҳзати ислом 25 октябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъгардонида шуда ва ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф намуда фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи Наҷот ва сомонаи интернетии ҳизби наҳсати исломи тоҷикистон ба ҳудуди қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо истеҳсол чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Вале мубалиғони ин ҳизби ватанфурўш тавассути воситаҳои ахбори умум, хоса дар саҳифаҳои иҷтимоии Интернет дар бораи Тоҷикистон маълумоту хабарномаҳои бардурўғ паҳн менамоянд, ки ҳадафашон  таъсиррасонӣ ба афкори омма, кўшишест аз ҳолати мутавозини берун кашидани ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин мубалиғон кўшиш ба он доранд, ки тавассути паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои бардурўғ афкори оммаро гумроҳ созанд, мардумро фиреб дода ба низоҳои иҷтимоӣ кашанд.

    Ҳизби наҳзати ислом амалҳои хиёнаткоронааашро фаъол намуда мехоҳад, пешсафи муборизаи мвфкуравӣ гардад. Пештар Кабириву пайравонаш ҳамеша Ҳукуматро бадном кардан мехостанд. Аммо имрўз вазъият тағйир ёфтааст, зеро акнун онҳо бо муборизаҳои дихилии мухолифин банд ҳастанд. Дурўягӣ, ғояҳои ватанфурўши ба он оварда расонд, ки имрўз ягон ?увва, на намояндагони “Гуруҳи 24”, на озодандешон, на Аттоулоев ва пайравони ў  ба Кабирӣ бовар намекунанд.

Таҳкими истиқлолияти давлат пеш аз ҳама ҳифзи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон соҳибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад. Таҳкими истиқлолияти давлат бо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолитяи давлатӣ, ҳимоя ва тахкими он бо кўшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намудани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатии он мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тара??иёти илму техника афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар асоси му?аррароти моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҳамин тариқ, терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.

Комилов Беҳрӯз Шавкатович
Ассистентикафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *