Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби ташкилоти террористӣ-экстремистӣ

Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) дар Вазорати адлияи ҶТ маротибаи аввал 4 декабри 1991 сабти ном гашта буд. Соли 1993 фаъолияти ҳизби номбурда бо сабаби фаъолияи зидди конститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 321 июни 1993 барҳам дода шуда буд. Пас аз ба имзо расидани созишномаи умумӣ ва ризоияти миллӣ бо қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 фаъолияти Ҳизби насҳати исломӣ дар ҳудуди ҶТ дубора иҷозат дода шуда буд.
Мувофиқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” (соли 1998) Ҳизбҳои сиёсӣ ӯҳдадоранд Конститутсия ва Қонунҳоро риоя намоянд, ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсонро эҳтиром намоянд.
Собиқ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияти худ динро ҳамчун омили асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафи Ҳизб истифода намуда, дар ҷорабиниҳои ҷамъиятӣ онро ҳамчун “ҳизби Худо” муаррифӣ менамуд. Рӯзномаи Ҳизб бо номи “Наҷот” аз он шаҳодат медиҳад, ки он ҳар ҳафта зери шиори “…Бешубҳа Ҳизби Худо ғолиб оҳад буд”, ки ин аз сураи ояти 56 Қуръон оварда мешуд ва “Зиндагӣ маънои Куръон асту бас!” ба нашр мерасид.
Ҳамзамон ҲНИ дар қароргоҳи худ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ анҷом медод. Аз ҷумла моҳи Рамазон бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намози таробеҳ ва хӯрдани таом машғул гардида буданд. Додани таомро ба аҳолӣ Ҳизб ҳамчун хайрия ва садақа пешниҳод намуда, онро бо аломатҳои намоишӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода менамуд. Инчунин занонро даъват ба он менамуд, ки занони тоҷики мусалмон рӯй пӯшида ва тани печида дошта бонад, ҳатто кӯдакони ноболиғро ба ин амалҳо даъват менамуданд.
ҲНИ бо истифода аз эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ менамуд.
Фаъолияти Ҳизб ба талаботи Оинномавии он ҷавобгӯ буда наметавонад, чунки қарорҳои пешниҳодгардидаи сохторҳои маҳаллии Ҳизб оид ба қатъи фаъолияташон фаъолияти Ҳизбро ба сифати ҳизби ҷумҳуриявӣ зери шубҳа қарор медод. Мувофиқи талаботи Оиннома Ҳизб он Ҳизби ҷумҳуриявӣ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Ҳамин тариқ фаъолияти Ҳизби насҳати исломӣ 29 сентябри соли 2015 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудааст.
Ҷалолова Фотима. – н.и.ф. муаллимаи
калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *