ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ – ҲИЗБИ БАДХОҲ, ТУНДРАВ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

 

Аз он рӯзе, ки ҲНИ-ро медонем дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шӯру валвала ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИ-ро ба маврид мешуморам ва андеша бар он дорам, ки ба мардуми таърихие, ки мусулмони асил аст, дини мубини исломро на бо ҳизб ё гурӯҳбозӣ, балки аз сидки дил хурмат менамояд зарурати минбаъд фаъолият бурдани онро ягон заррае ҳам зарурат надорад.

Имрӯз, собиқ роҳбарияти ин ҳизби бе нангу номус бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хориҷи кишвар истода бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид, зеро мардуми имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар мардуми солҳои 90-ум шуда наметавонад, ки ба фитнаҳои онҳо ба зудӣ боварӣ ҳосил намоянд.

Воқеан пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҲНИ мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Хуллас, мақсади асосии ин наҳзатиён фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад.

Имруз равияи салафия, ваҳобия ва гурӯҳҳои ифротгаро ба мисоли ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи -24” ва ғайраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Ба гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус ба назҳатиҳо таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳаргиз ба мақсадашон нахоҳанд расид. Зеро наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд. Имруз ҲНИ-ро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мешиносанд ва аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд.

Мо, зиёиён, аҳли устодон фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро шадидан маҳкум намуда, ҳамагонро ба Ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кушишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем.

                                         Ниёзов Ҷ.,

н.и.и., муаллими каалони кафедраи менеҷмент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *