Ҳизби наҳзат – ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткор

 

 

Терроризм ин ҳаракатҳои номатлуб ва хавфнок мебошад, ки сатҳи проблемаи глобалиро гирифтааст. Террорист воқеан на нажод дорад, на имон ва на ватан дорад, он душмани созанда ва шахсони ба ӯ боварикунанда мебошад. Барои ҳамин барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди он ин муттаҳидшавии тамоми давлатҳо, инчунин давлатҳои мусулмонӣ бар зидди сарчашмаҳои террористӣ ва экстремизмӣ мебошад.

Дар шароити муосир сатҳи террористӣ на танҳо таҳдиди бехатарии аҳолии давлатҳои алоҳидаро дарбар мегирад, инчунин хавфи тамоми ҷамъияти ҷаҳониро низ забт кардааст.

Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияти он иғвоангезию дурӯғгӯист.

Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд.

Ҳадафи амалҳои Ҳизби Наҳзати Ислом хароб намудани вазъи иҷтимоӣ ва низоми сиёсии давлатӣ мебошад. Ташкилоти мазкур нисбати миллату ватани худ хиёнаткориро пеш мебаранд. Албатта, амали ин гуна афроди хиёнаткору хиёнатпеша дер ё зуд дар назди ҷомеа фош мешавад, зеро амнияту осоишгагии давлат зери назорати қатъӣ ва доимии сохторҳои қудратӣ аст.

Бояд қайд намуд, ки дар мубориза бар зидди ҳаракати террористӣ ва экстреместӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё созишномаҳо ва шартномаҳо ба имзо расонида, дар ин муборизаҳо фаъолона иштирок менамояд.

Мардуми тоҷики соҳибистиқлол оқилу босавод ҳастанд, хубро аз бад фарқ карда, ба равандҳои ҷамъият баҳои дурустро нишон дода метавонанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки рӯ ба рушду тараққиёт аст, ҳеҷ созмону гурӯҳи бадхоҳ аз роҳ берун карда наметавонанд.

 

Ассистенти кафедраи баҳисобгирии

                                                     бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

                                          Самадова М.М.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *