ҲИЗБИ ХИЁНАТПЕШАИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

Имрӯзҳо бо қаноатмандиву ифтихор изҳор кардан мумкин, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори давлат дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият қарор дошта буд. Бо мақсади таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро дурусту ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем.

Аз замони барҳамхӯрии ТТЭ ҲНИ соли панҷум сипарӣ мешавад. Ин ташкилоти террористӣ, ки аз роҳҳои қонунӣ қудрати сиёсиро ба даст оварда натавонист ва соли 2015 фаъолияташ қатъ гардид бо роҳҳои истифода аз силоҳу аслиҳа роҳбарони он хостанд дубора кишварро ба хуну хок даромезанд. Ин табаддулоти наҳзатиҳо сабаби бори дигар ноором шудани фазои кишвар гардид. Ташкилкунандагони ин ҳизб ки дар тули фаъолияти хеш ягон кореро ба ғайр аз хиёнат ба миллат ба анҷом нарасонида буданд ва ҳамеша мақсади онҳо зидди озодӣ ва истиқлоллияти миллӣ буд бори дигар ба миллат хиёнат намуданд. Ташкилкунандагони ин ташкилоти террористӣ, экстремистӣ гумон мекарданд, ки амалиётҳои онҳо аз тарафи ҳалқ дастгирӣ карда мешаванд ва онҳо рафторҳои бадкирдоронаи худро, ки солҳои 1990 содир карда буданд бори дигар такрор менамоянд. Хушбахтона наҳзатиҳо ба нияти бади худ нарасиданд мардуми шарифи Тоҷикистон бар зидди онҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонии ин ташкилоти террористӣ сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуда буд, ки он ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталабонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯиистифода намуда, аз худ чеҳраҳои сиёсӣ вонамуд мекарданд. Вале акнун аҳли ҷомеа ҳамаи найрангҳои онҳоро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, аммо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб карданд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Як бозичаи сиёсӣ дар дасти доираҳои хориҷии манфиатдор аст. Наҳзатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди миллатро зарур аст бо масъулият ва содиқона вазифаи хешро ба анҷом расонад. Сулҳу суботи кишварро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва бар зидди душманони миллат муттаҳид бошанд.

 

                                                       Ҳошимова Муаттар,

 ассистенти кафедраи молшиносӣ

 ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ    

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *