ҲИЗБҲОИ БАДТИНАТ – ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Мо халқи тоҷик ҳамеша кӯшиш менамоем, ки мардуми мо пайрави аз мазҳаби аҷдодӣ дошта, ашхоси ғаразнок, мардуми бемазҳаб ва амсоли онҳо ақидаи динии моро фасод насозанд, одамонро барои ҳадафҳои  худ қурбон накунанд. Алҳол фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афғонистон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.

Бозиҳои пушти пардагии ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи-24, ДИИШ ва дигар гуруҳу равияҳои ифротӣ ба ҳамагон маълум аст. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ домани худро густурдатар мекунанд.

Пай дар пай амали нашудани нақша ва барномаҳои гувоҳи он аст, ки ТТЭ ҲНИ дар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик  аз барномаи фиребон огоҳ шуда, аз онҳо имтиноъ меварзанд. Стратегияи асосии наҳзатӣ-касби қудрат ва барпо намудани салоҳияти исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки  ТТЭ ХНИ чун солҳои қаблӣ бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, Воқеан имрӯз ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла ҳаракати  Гурӯҳи -24 аз қабили омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки воқеан мардуми ватандори мо дар муддати солҳои пур аз нишебу фарози Истиқлол, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои чунин фитнагариҳо  бохабаранд.  Имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат- душманони миллат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.

Ф.КОМИЛОВА,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *