Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар робита бо фаъолияти созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ва суханрониҳои М. Кабирӣ

Устодону донишҷӯён, ҷавонони баору номус ва худогоҳи ДИС ДДТТ дар робита ба фаъолияти созмони «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби мухолифин – аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар ташкил гардидааст, изҳори нигаронӣ намуда, таъсиси ҳар гуна анҷуману гуруҳҳоро дар шароити кунунӣ маҳкум менамоянд.

«Дар эъломияи ин гуруҳҳо омадааст, ки гӯё дар Тоҷикистон сохтори демократӣ татбиқ намегардад, ҳуқуқбунёдӣ ва шароити ҳуқуқӣ нест, субот ва шукуфоии кишвар таъмин карда намешавад”.

Мо ҳама хуб медонем, ки ин ҳама ба ҷуз дасисаю лоф, пушти пардаи сиёҳ кашидани афкори  мардум ва заҳролуд кардани мафкураи инсонҳо дигар чизе нест. Мо аз тангназарию кӯтоҳақлӣ ва ватанфурӯшию беномусии  шумо дар аҷабем, ки чӣ гуна метавонед як ҳақиқати ғайри  инкор – Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати пойдор, озодиву оромӣ, амнияту иттиҳод, ҳамдилию ҳамгироии як давлати  обод бо номи Тоҷикистонро дар радифи корҳои «бояд» иҷрошаванда бигузоред. Ҳол он ки мардуми тоҷик баъди фитнаҳою ғаразҳои нопоки  шумо чун ташнае баъди серобӣ ба қадри ободию озодии ин кишвар расиданд ва Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби ободкорию созандагӣ табдил доданд. Шумо чун ақрабе ҳастед, ки дигар аз неши шумо озоре ба ҷони ин миллат намерасад. Зеро дар дили ин Ватан родмардоне чун позаҳр дар рӯ ба рӯйи неши шумо қарор дошта, бо ҳар амали ноҷо ва ноҷавонмардонаи шумо муборизаи шадид мебаранд.

Табиист, ки дар ҳама давру замон бадхоҳону кинаварон буданду ҳастанд. Онҳо муваффақияти дигаронро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд зиндагии осудаи мардумро аз нав ноором созанд.

Мо устодону донишҷӯёни донишкада пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳастем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори аҷнабиёни зархарид нагашта, барои ободию осудагии Тоҷикистони азиз саъю талош хоҳем кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *