Изҳороти устодону донишҷӯёни кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ дар мавриди муноқишаҳои марзӣ

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, онро ғасб намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сӯи мардум оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!

Масъалаи баҳсноки деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва ҳамсоякишвар Қирғизистон то ҳанӯз идома дошта, боиси нигаронӣ аст. Муноқиша аввал миёни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсой-Тамдиқи вилояти Бодканди Қирғизистон рух дода, баъди баста шудани роҳ ба Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ “кӯчидааст”. Ҳолати бештари нигаронкунанда аз ҷониби ҳамсоякишвар Қирғизистон мушоҳида мешавад.

Зеро ин кишвар ҳатто баъди гуфтушунидҳои ҳукуматдорони тарафайн онро дар амал тадбиқ накарда, фишори онҳо ба сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара мушоҳида мешавад. Ин амал барои мардуми тоҷик нигаронкунанда аст. Зеро аз азал мардуми тоҷик сулҳҷӯ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ҳамсоя дӯст бошад. Аммо бо вуҷуди амали мо тоҷикон сулҳҷӯёна будан ҳамсоякишвар аз он сӯистифода мекунанд. Ҳарчанд чанде кабл дар Ботканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо баргузор шуда бошад ҳам, Қирғизистон баъзан амалҳои ғайриқонуниро нисбати сокинони деҳаи тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара раво мебинанд.

Иғвои навбатии гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз дар сарҳад бо ноҳияи Исфара, ки боиси ноором гардидани вазъи минтақа ва ташвишу изтироби мардуми мо гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари ҳамсояи мо нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу оромишро чашми дидан надоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *