Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба таъсис додани созмони “Паймони миллӣ” дар Варшава

Мо, устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша, ки бо ташаббуси як гурўҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъиян маҳкум менамоем. Ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирўз бо кўмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда буданд, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол бадгўиҳо менамоянд, нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштанд, бо кадом асос ва бо кадом ҳуқуқ имрўз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд.

Онҳо ҳуқуқи маънавии аз номи миллат ва Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд ва бояд, ки аз номи ин ташкилот номи миллат ва давлати Тоҷикистон бардошта шавад. Аслан, ин созмон ҳаргиз ташкилоте нав ё паймоне дигар наметавонад бошад, чун он ҳар чаҳор созмони гўё ба ҳам омада, ҳамон гурўҳҳое ҳастанд, ки ба як хоҷа хидмат намуда, ҳадафашон ноором сохтани Тоҷикистони азизи мо аст.

Мо бояд дар шароити кунунӣ зиракию сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани азизу муқаддас кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватан – ин пораи хоки муқаддасро бадном кунанд ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони миллат ба ҳадафи хеш намерасанд ва ин сарзамини поку муқаддас, ин Ватани азиз ҷовидон пойдор хоҳад монд.

Дар баробари ин, вобаста ба баргузории машварати солонаи навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бо таассуф изҳор мекунем, ки новобаста ба изҳороти фаровони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, эътирофи ТТЭ ҲНИ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ аз сўи гурўҳи калони кишварҳои аъзои САҲА намояндагон ва ҷонибдорони ин ташкилоти террористиро ба машварат даъват намуда, ҳатто иҷозат дод, ки дар толори ҷаласа маҷмўи қоидаҳои баргузории нишасту маҷлисҳоро вайрон намоянд. Чунин муносибати САҲА бо намояндагони паймони навтаъсиси душманони миллати тоҷик баръакс шаъну эътибори онро поин бурда, нишон дод, ки баръакс ин ташкилоти ҷаҳонӣ аз онҳо пуштибонӣ дорад.

Мо устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ фаъолияти созмони “Паймони миллӣ”-ро маҳкум намуда, аз ҳамаи сокинони кишвар даъват ба амал меоварем, ки ба қадури сулҳу ободии Ватан расед ва ба фиребу дасисаи душманони миллат дода нашавед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *