Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мутантан ҷашн мегиранд. Воқеан, истиқлолияти давлатӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ, ки дар курраи ҷангу ҷидолҳо сӯхтаву пухта гардидааст, беҳтарин неъмат, беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Ба қавли шоири бузурги миллат Бозор Собир, ки мефармояд:

Қиссаи мурщи самандар пеши ман афсона нест,

Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.

Он ки умре мурда-мурда зиндагӣ карда намурд,

Сӯхтан-носӯхтан эъҷози аҷдоди ман аст. 

 Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби кулли кишварҳои дунё эътироф гардида, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо аксари кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.

Магар мешавад воқеаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш кард, бо дасти хеш оташ дар хонаҳои ҳамдигар меандохтем, раҳму шафқатро фаромӯш карда будем, ҷойи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро яроқу силоҳ ва куштору бедодгариҳо гирифта буд. Шодравон Лоиқи бузургвор аз он рӯзҳои мудҳиш дилтанг гашта, нидо дода буд:

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад?!

То азоби ману шумо гузарад…

Ё Баҳоваддини балогардон,

Ҳеҷ донӣ ба мо чиҳо гузарад?!

Ҳар куҷо ҳизб кизб низ он ҷост,

Ин ҳама ҳизббозиҳо кай гузарад?!

Дар ҳақиқат он рӯзҳои мудҳиш бояд барои мо сабақи азим гарданд. Аммо, мутассифона, дар ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат боз хуни тоҷик рехт ва модари тоҷик ҷигарбандони хешро аз даст дода, нолаву фищонаш бар осмон печид…

Мо бояд ҳама шукронаи ваҳдату якдилӣ ва оромию осудагии ватани азиз намоем. То ин ҳама бадбахтию бедодгариҳо ба сари ин қавму ин миллат наояд. Мо якбор заҳри фиребу найранги душманони аҷнабиро чашидем ва имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар масъулият дорад, то барои ҳифзи ормонҳои миллию мазҳабии хеш ҷаҳду талош намояд.

Ахиран додситони кулли кишвар даст доштани ҲНИ дар ҳаводиси охири шаҳри Ваҳдат ва ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалимро эълон намуда, дар нисбати аъзоёни раёсати олии ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва дар ин самт тафтишот идома дорад. Раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, тавассути расонаҳои иттилоотӣ аз муваққатан баста шудани ҳизб хабар дод. Аммо, як нукта мусаллам аст, ки мо бояд ҳама сари он андеша намоем. Имрӯз ҳама бояд сарҷамъ бошем, дар муқобили равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ки метавонанд, ҳар лаҳза оромии кишварро халалдор намоянд. Агар дар дохили кишвар ҳама неруҳо ва ақли солим пирӯз нагардад, ҳамдигарфаҳмию якдилӣ набошад, аз ин ҳолат ҳатман душманони дохиливу хориҷии мо хуб истифода хоҳанд бурд. Мо бояд Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ваҳдати миллӣ ва ормонҳои олии миллию мазҳабиамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, барои насли оянда кишвари обод, шукуфон ва соҳибтамаддунро эҳдо намоем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *