Мо, ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои муғризона, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гардад, қотеъона маҳкум менамоем. Дар ин миён, фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.
Имрўз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон конунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Маҳз ҲНИ манфиати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунанд.
Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки маҳз бо фаъолияти созмони террористии наҳзат сар зада, боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои сангин гардида буд, ҳанӯз аз ёдҳо нарафтаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ — саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба сабаби надоштани ҳимояи мардумӣ ва пайравӣ аз ҳадафҳои ғаразноки барои мардуми мо номатлуб ноком гардида буданд.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.