ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ ГИРДИҲАМОИИ ДУШМАНОНУ БАДХОҲОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР БЕРЛИН

Дар васоити ахбори омма хабари шуме паҳн гардид, ки гӯё аъзоёну ҷонибдорони Паймони миллӣ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро бо ҳамкории Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ назди сафорати давлати мо дар Берлин як гирдиҳамоӣ ва ё ба забони худи онҳо тазоҳуроте доир намудаанд.
Мақсади ташкилкунандаги тазоҳурот танҳо номи мардуми тоҷикро дар назди ташкилотҳои хориҷӣ бадном кардан аст, ки ин корро роҳбарони қаблиашон бо роҳи ташкили майдонҳову гуруснанишиниҳои солҳои 90-ум ба анҷом расонида буданд.
Бисёр хандаовар аст, ки ин хиёнаткорон бо як дархост ин гирдиҳамоӣ ташкил карда, аз мақомоти Тоҷикистон пешниҳод менамудааст, ки бояд фавран дархости онҳо дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд, амалӣ шавад.
Шумо хиёнаткорон якумаш ҳуқуқи чунин пешниҳодро надоред. Чун Шумо касе нестед ва шаҳрвандони Тоҷикистон шуморо ҳамчун як нафарони динфуруши мансабгадо мешиносад. Бо ин ҳама фарёду фиғон онҳо чи мехоҳанд, касе намедонад. Бас аст, бадгӯиву суханҳои носазо дар ҳаққи давлату миллат. Ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расидан даркор, аз ҳаводиси ҷаҳон аз воқеаҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон бояд сабақ гирем. Мабодо, ки он ҳама бадбахтиҳо бо дасисаи чанд нафар бадхоҳи миллат ба сари мардуми мо ояд. Бояд ҳушёру зирак бошем ва фирефтаи афкори бадхоҳони миллат нагардем.
Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯхта, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *