Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин изҳороту муроҷиатномаҳои корхонаву муассисаҳо ва мактабҳои олии кишвар ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба нашр расид, ки шоистаи дастгирӣ ва пайравист. Ин муроҷиатнома ҷавҳари сиёсати фардонамову фардоофари Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои тамоми сокинони кишвар, махсусан барои бародарони бадахшонии мо рўнамо мекунад. Маълум аст, ки то ба имрўз гурўҳе аз ҷавонони гумроҳ фирефтаи ақидаҳои муғризонаи гурўҳе аз душманон гардида, ба лофу газофи онҳо гўш медиҳанд. Аз ин рў, дуруст гуфтаанд, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинем.
Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз медонанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро зиндагӣ собит намуд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳи ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодаанд, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори халқи шарафманди Бадахшон низ гардидаанд.
Мо аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз ба шиорпартоии нафрони “дилсӯзи” Бадахшон дода нашаванд. Ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расида, ҳушёру зирак бошанд ва бо дили софу нияти пок барои фардои ободи Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.