Дар ибтидои асри ХХ1, мутаасифона, падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (наркобизнес) ва ғайраҳо дар ҷомеаи мо реша давонданд. Мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд «ифротгароӣ» – «экстремистӣ» ҳисобида мешаванд. Агар дар ҷомеа ягон равияи диниро бархилофи моҳияти аслии дин маънидод кунем ва ба ҳаракати радикалии сиёсӣ табдил диҳем ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ба вуҷуд меояд.
Яке аз чунин ҳизбҳои ифротгаро ТТЭ ҲНИ мебошад, ки фаъолияти он аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст. Онҳо бо ҳама бадкориҳои худ қонеъ нагашта, дар Аврупо созмони “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро ташкил карданд, ки фаъолияти он идомабахши корҳои пешинаи ҳизбу гуруҳҳои ифротист. Мо ташкили ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми шарифи тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи онҳо нахоҳанд гашт.
Мо хуб дарк кардем, ки максаду мароми ҳизби наҳзати ислом ба сокинон ба зудӣ равшан гардид. Ин ҳизб худ як ҳизби терористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи терористӣ аз байн бурд. Хушбахтона, бо кордониву фаъолияти шабанарузии кормандони амнияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии давлатӣ паҳлуҳои нав ба нави ҷиноятҳои вазнини ҳизби наҳзати ислом ошкор гардида истодааст.
Ба ҳамагон аён аст, ки 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон конеъ гардонида шуда, хизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти ифротгаро эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми қаламрави кишвари мо барҳам дода шуд.
Дар ҳақиқат имрӯз ҷомеа воқеан дарк намуд, ки ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз, ТТЭ ҳизби наҳзати ислом мебошад. ин ҳизб бо маблағгузориҳои хориҷиён мехост сохтори давлати конститутсиониро вайрон намояд. Вале ҳоло ҳам аз бас, ки маблағҳои хориҷиёнро истифода намуд, ҳоло ҳам дар ҳаққи Тоҷикистони азизамон суханҳои танқидӣ ва беасос, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд гуфта истодаанд. Дар Аврупо созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” нисбати давлату миллат бо ташкили анҷуману созмонҳо бадгӯӣ мекунанд ва мо фаъолияти ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем.